Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Омад!» мегуфт... Ҳама корҳои табибиву халқиро карданд, аммо ҳоли Сангиной беҳ нашуд. Ҳамаро ба ҷон расонд. Падаршўву модаршў аз ў безор шуданд. Боз бори ҷафоро падару модар мекашиданд. Шабҳо нола мекард, мўя мекард, тори бом баромада чунин рафтор мекард ва ҳама мегуфтанд, ки ба Сангиной парӣ ёр шудааст, агар чунон накунад, париён нобудаш созанд. Пасон ў аз ҳама мегурехтагӣ шуд: аз мард ҳам, аз зан ҳам, ҳатто аз хешовандон ҳам: «Мумкин не, ба ман рўи одамиро дидан мумкин не!»
изҳор кард Сангиной ва рўй пўшид. Агар дар кўчаҳои деҳаи Сайрон каси ҷомаи ўбада ба сар гирифтаро медиданд, мегуфтанд, ки Сангиной аст, агар таноб сари китфи росту теша дар даст ҷониби кўҳ рафтани ҷомабасарро медиданд, медонистанд, ки Сангиной аст; агар нимҷувола ба даст зане саргинчинӣ дашт мерафт, мешинохтанд, ки Сангиной аст, вале кордор намешуданд, «девонаи Худо» мегуфтанд. Дар чунин ҳол ҳам ў барои падару модар азиз буд; ўро намеронданд, озораш намедоданд, ки қаҳри Худо меояд, зеро худаш Сангинойро ба чунин ҳол гардондааст... ва боз барои он озораш намедоданд, ки бе ҳамин ҳам дар деҳаи Сайрон одам кам мондааст: мардон қурбони ҷанг шуда бошанд, занону кўдакон қурбони қаҳтӣ шуданд. Гўё девонаи Худо ин чизҳоро намефаҳмид
– ақлаш намедавид ба ин чизҳо, ресмону тешаву нимҷуволаро медонисту бас. Ва баъд нимҷуволаро фаромўш карда, тез-тез кўҳ мерафтагӣ шуд; дер меомадагӣ шуд; намеомадагӣ шуд. Падару модар парешон шаванд ҳам, намепурсиданд, ки куҷо меравад, чаро намеояд? Пурсидан бефоида – ҷавобе намешунавӣ.
Вай бехи девори хона ё бехи дарахти зардолу мешинаду зонувонашро оғўш мекунад, манаҳ сари зону ниҳода як хел нигоҳ мекунад – мижа назада, ки аз кўдакӣ ба чунин кор машқ карда бошад. Хаёлӣ – ҳушаш меравад, нафас кашидану накашиданашро кас пай намебарад... Падар чизеш намегўяд – падари пир, хоҳарон ҳам ба ў наздик намешаванд, бародарон мисли шавҳараш ба ҷанг рафтаанд... Танҳо модари зор назди ў менишинад, чизе мепурсад, аммо ҷавобе намешунавад. Сари ўро сила мекунад, мўйҳояшро панҷа мезанад, сар ба сари ў мениҳад... мегиряд. Ва Сангиной низ мегиряд – ҳамон зайле ки нишастааст, бесадо мегиряд; танҳо аз шоридани ашкаш маълум мешавад, ки мегиряд. Ашкони ўро пок кардан мехоҳад модар, аммо худдорӣ мекунад: «Худоё Худовандо!
Ё ҷонамро бигир, ё ин оҷизаро дуруст бикун!» Таваллову зории модарро мешунавад Сангиной, аммо чизе намегўяд, рў ба модар намеорад, балки дида аз ҷои дўхтааш барнамегирад – намеҷунбад, намепурсад, намехўрад, ки Худованд чунин фармуда бошад. Ва ҳамин ки вақташ шуд; сояи шах гашт кард, вазнин мехезад, доман меафшонад, дар лаби ҷўй рўй мешўяд, гўё ба худ омада, рўҳ тоза карда, тешаву ресмон гирифта, ҷониби кўҳ меравад – барои ҳезум. Ҳезумҳои овардаи ў ҳам барои худашон мерасиду ҳам барои ҳамсояҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо