Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дашти
МОРОН
I

Андар пайвандгоҳи талу теппаҳо ва кўҳи баланд ҳамвории на чандон фарохе ҳаст, ки Дашти Морон меноманд. Аз китфи чапи ин дашт як рахи сабз кашол шуда, то ба бехи шах меравад, ки ҷўй ном дорад – ҷўйи Дашти Морон. Барои кишт кардани ин дашт касе оби он чашмаро ҷўй канда то сари замин овардааст, ки гоҳ ба замин мерасаду гоҳ не; борандагӣ зиёд шавад, об ба киштгоҳ мерасад ва агар тобистони сахт ояд, ба мазраъ намерасад. Худи ҷўйбор як даҳана обро мемакад ва мондаашро аввалин кулўху хоки тафсони сари замин меҷафад. Шояд он вақт, вақте ки аввалин инсон ин ҷўйборро канда, оби ба сойча шоронро сўи замини хушк гардонд, об кироӣ буду даштро шодоб мекард, вале ҳоло об не, нақшаи сабз то сари замин мерасад. Дар ин солҳои наздик касе ҷўйборро накандааст, лабшон накардааст, ки об наметобад; шояд таҳ зада бошад. Ва тобистонҳо, азбаски дар гирду атроф об нест, тамоми ҳашараву ҷонварон гирди чашмаву рахи сабз ҷамъ меоянд ва ҳалқашонро тар мекунанд, ҳатто морон ба ин оби бенамак эҳтиёҷ доранд. Онҳо он вақт он қадар зиёд буданд, ки ғайрати сари чашма омаданро касе надошт. Агар як вақт касе об бароварда ин даштро корам карда буд, баъдҳо касе намеомадагӣ шуд. Зеро баъди он ки инсони ба ин дашт об бароварда як мори чипорро ба каланд зада кушт ва ёри мори чипор мардакро вақти сари мазраъ дам гирифтанаш газида нобуд сохт, нафаре ғайрати ба ин дашт омадан накард. Ва аз ҳамон вақт ин ҳамворӣ Дашти Морон ном гирифт...
... Ва ба ин ҷо баъдҳо як зани девонаавзоъ меомадагӣ шуд.
Вале касе намедонад, ки ў девона аст ва ё худро ба девонагӣ мезанад. Дар деҳа ҳама медонанд, ки ў чунин набуд – девонасурату ҷўлидамўй намегашт. Як духтари нозанини сад кас даҳонандохта буд ва қисмат ўро ба Зукур дучор кард. Ва онҳо рўи фарзандро надида Зукурро ба ҷанг даъват карданд. Рафт, вале то ҳанўз аз ў дараке нест...
Сангиной девонаавзоъ шуд: чашмони шаҳлои зебояш каҷ менигаристанд, ё якбора ду гавҳарак ба канори бинӣ омада, дуртар аз бинӣ ў чизеро намедид, дурудароз ба нуқтаи наздик якзарба менигарист – хомўш, ором ва гўё ба худ омада, даст сўйи он нуқта ёзида, тарсуву ҳаросон пас-пас мерафт. Сарлучу парешонмўй мегашт. Касеро гўш намекард, ба касе сухан намегуфт. Шаборўз гўшаи хона менишаст; рўз мегирист, шаб фарёд мезад, «Омад!

пешина
аз 429
навбатӣ