Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Шояд. Лекин ҳеҷ кас имшаб садои онро нашунид ва худ аз худ садои соат паст, сонӣ хомўш шуд...
Истад як қад париду нафаси дароз баровард ва ба назар ором шуд ва дид, ки Калонхон хеста берун баромад, ҳавлӣ, кўча, гаражро хабар гирифта, боз даромад ва ба хонаи дигар гузашта, чархи эҳтиётиро озод сари даст бардошта, ҷониби гараж рафт. «Ист.
Калонхон, набар онро! Вай ба «Жигули» дуруст нашавад!» Вале Калонхон гўш накард, писанд накард, чархро бурда, дар бордони мошин гузошт. «Вақташро ёфтӣ, донӣ, ки ҷунбида натавонам...»
«Барои чӣ ҷунбида натавонӣ?» пеш омад ў ва Истадро дар ҳоли забун дида, рангаш парид ва зуд баргашт. «Ту осуда бош, ман ҳозир меоям! Духтур меорам!» гўён ҷониби мошин тохт ва мошинро тез ронда аз гараж баровард... Каме аз тиреза дур шуду садои тормозаш баромад ва ба шиноси «Волга»-дораш, ки чархаш кафида сари роҳ ҳайрон меистод, чархи эҳтиётиро бароварда дод. «Хонаи ман ҳамин, корат, ки буд шуд, боз оварда медиҳӣ»
Истад тирезаро кўфт, шикаст, аммо Калонхон нафаҳмид, фарёд зад, нашунид. Дод зад, чунон дод зад, ки дилаш кафида, чун шишапораҳо пош хўрд...
Ва бедор шуд. Ақлаш ба чизе нарасид, чизеро фарқ накард, ҳатто равшании аз тирезаи дигар хаёле ба назар намударо надид.
Фақат тавонист андаке сар тофта ба дари баромад нигарад,
— Чӣ шуд, оча? – садои Сунбул буд, аммо Истад равшан фарқ накард. Хост «падаратро фарёд кун» бигўяд, забонаш нагашт, ба даст ишорат кардан хост, дасташ ҳаракат накард. «Дареғ» ҳамин қадар аз дилаш гузашт. Сунбул ҳолати модарро фаҳмид, донист ва берун тохт, то падарро пайдо кунад, наёфт. Дарвоза қуфл буд, мошин дар гараж, аммо падар нест... Аз дари ошхона сар дароварду фарёди талх зада пас гашт ва тохт, то назди кати модар тохт, пеши пойи ў афтид ва тавонист гўяд: «Овехтааст...»
Истад ба Сунбул нигарист, вале маълум набуд, ки зинда аст ё мурда... чашмонаш чизеро ифода намекарданд.
7 январи 1987

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо