Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Калонхон чархи эҳтиётии Истадро гирифт ва пушти мошин монда, ҳамроҳ бурданд ва ҳамин ки аз сафар баргаштанд, боз чархи эҳтётиро бардошта ба хона овард ва кунҷи хона гузошт. Истад аз дузд метарсид, ягона тарсаш дар зиндагӣ ҳамин буд, ки дуздро дорад ҳам, ба ҷое арз карда натавонад, ба орган супорида нашавад; ин ба-дон монад, ки даъвогари суст қозиро муттаҳам кунад. Ва рафту ҳамин шаб дузд ба хона дарояд, онҳо муқобилат он тараф, ҳатто садо карда натавонанд. «Мард нашуда мур!» ҳоло аз Калонхон алам ситондан хост ў... Ва дароз кашид, баҳузур дароз кашид, пойҳояшро ҳам рўйи кат гирифт ва ягона орзуяш буд, ки хобаш барад. Чашм пўшид ва ба шумор даромад:
Як, даҳ, сад... ҳазор... Вале хобаш набурд. Хост ба миқдори пули чархи эҳтиётӣ шумор кунад, то хобаш барад, аммо шумори онро надонист: панҷоҳ, ҳазор, саду панҷоҳ ҳазор, дусад ҳазор... не, надонист, аввалҳо медонист, сонӣ ҳисобро гум кард... Аввалҳо паҳлў мегашт, ҳоло паҳлў нагардад, ки андаке роҳат кунад. Акнун пай бурд, чӣ қадар барои Калонхон мушкил будааст, чӣ азобе доштааст: «Калонхон! Калонхони ноинсоф!» Ҳамин хел гумон дорад ў, ки ҷонаш ба лаб омада, ба Калонхон зор; ў беҳтарин кас, наздиктарин мард ва хубтарин, маҳбубтарин инсон. Вале ин замон ў кар гаштааст, мурдааст, ки садои ўро нашунавад; чанде пеш омада буд, ки наздат нишинам, ҳоло ба фарёд кардан наояд:
«Ноинсоф!» Истад оҳиста даст ба рўйи сина бурд, баъд ба чоки сина бурд ва гумон кард, ки ҳама чиз барҷост, танҳо ҳароси ноҷо дар тани ў хона мондааст. Тўморро даст кард. Набуд. Сонӣ ба ёдаш расид, ки онро ба пойгаҳи дар зери по афканда буд. Оҳиста сар тофт ба он нигарист, сўзанак шуои чароғро барнагардонд, мурда барин – ҳама чиз мурда барин: тўмор, сўзанак, Калонхон, худи ў ва ҳатто шаб мурда барин. Ва Истад гумон ҳам накард, ки ин қадар зуд, ин қадар нобаҳангом ва ин зайл якбора ҳама чиз мурад. «Ақаллан Сунбул мебуд, духтур фарёд мекард». Ва худаш талвоса кард, талвосаи хестан, вале натавонист. «Наход? Наход, ки интиҳои кор бошад? Онҳо пагоҳ маро мунтазир шаванд; дар амборҳо, дар даромадгоҳи кабинет, дар гўшаҳои магазинҳо... ва дар вилоят...»
«— Сунбул!»
Лаълии миси ба тилло монанд, ки тори ганҷина меистод, садо баровард, ягон чизе, ки имшаб ба садои ў ҷавоб гуфт, дигар ҳама хомўш, ором, осуда, танҳо ў ташвиш дорад, танҳо ў фаҳмад, ки шаб аз шаб гузашта ва соатест, ки дузд ҳама ҷоро ғорат кунад ҳам, касе хабар наёбад...
«— Як, даҳ, сад... ҳазор... сад ҳазор... дусад ҳазор...»
Ва ниҳоят хобаш бурд. Ҳама ҷо хомўши хомўш гашт ва садои чик-чики соати электронии девори хонаи калон паст-паст то хонаи хоби Истад омад, ки то алвақт садояш то ба ин хона нарасида буд, шояд вайрон шуда бошад ва шояд қувваи батареяаш ба охир расида, мисли хонаравшанкунии инсони сари назъ, пеш аз мурдан ҷон гирифта, гўё шуда бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо