Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Аз дасти эшонаш ҳам коре наомад».
Тўморро дар кафи дастонаш ғиҷим кард ва аз он ки ба ин чизҳо бовар дошт, он қадар қатъӣ онро пахш накард; дар дил андешаҳои дигар дошт – оқибаташро фикр кард, якбора чизе ба дасташ халид, сахт халид, карти ба кафи дасташ даромад: «Воҳ»! дод зад ў ва тўморро пойгаҳи дар андохт ва ҷойи хун заҳидаро ба ду ангушт пучида, афшурд, то заҳри оҳан барояд. Ҳамон сўзанак, ки бо вай тўморҳоро ба синабандакаш медўхт, ба кафи дасти ў халида буд. «Ноомади кор... болои сўхта – намакоб...» аз дил гузаронд ў ва ҳайрон, ки чаро ба доди ў Калонхон бедор нашуд, наомад.
Садои хур-хури хобаш шунида шуд... Истад дар хоначаи тангу камҳаво аввалин бор худро танҳо ҳис кард ва хост, ки Калонхон наздаш бошад. «Калонхон!» Садои хур-хури ў як қатъ гашту боз давом кард...
Истад бори нахуст дар бораи пули чархи эҳтиётӣ ҷиддӣ фикр кард. Не, фикр не, балки ин чиз якбора ба сараш зад, ки баъди ташвишҳои зиёд бо ин чарх чӣ кор кунад? Наход ки барои як сару ду гўш ё барои ҷиҳози як духтар ин қадар ташвиш кашидан лозим бошад. Ў аз андешаи зиёд, аз ташвиши зиёд монда шуд, хаста шуд ва чунон шалпар, ки хобаш парид ва кўшиш дорад, ки як лаҳза хобаш барад, то ҳама чизро фаромўш кунад, андаке осояд ва аз сабоҳ ҳама корро дониста кунад, андешида кунад, ки чӣ суд дораду чӣ зиён. Чашмаш ба тўмори назди дар афтид, ки ғиҷим нашудааст, балки даруни чарми сунъист ва сўзанаки ҷони ўро озор дода аз нури чароғ ҷилодор. Истад идрок надорад, ки ҷилои сўзанак аз чӣ боис аст. «Ноҳурматӣ шуд ба эшон» аз дил гузаронд ў ва хост бархоста онро аз пойгаҳи дар бигирад, аммо натавонист, яқин кард, боз як тори нозуки дилаш канд, вай лаҳзае нафас ҳам нагирифт, ки ба гардиши хунаш, ба тапиши дилаш ба ҳаракати ҷисму ҷонаш халалгор бошад. Ў аз қисмати Калонхон, аз гуфтаҳои духтурон донист, ки дар чунин ҳолатҳо ҷунбидан, ҳарф задан, ба ҳаяҷон омадан ва ё кори изофае кардан норавост, илоҷи дароз кашиданро ёфтан лозим... «Оҳ!» Ҳамин лаҳза Калонхон лозим шуд, вале ў садо карда натавонад, то ў бедор шуда ояд.
Ҳозир аз ҳаво ҳам Калонхон заруртар аст, зеро танҳо ў чӣ будани ин дардро донад ва бо чунин дард чӣ илоҷ карданро ҳам... Истад навъе карда вазнашро ба қафо партофт, сараш базўр ба болишт расид, аммо пойҳои аз кат кашолашро ғундошта натавонист ва зўраш расаду тавонад ҳам, аз ҳарос ин корро накард, ки дилаш якбора кафад, вассалом – ҳаром мурад; ба касе чизе нагуфта, васияте накарда, аз Шакаршо қасос наситонида мурад ва аз ҳама аламовартар – ба Калонхон мондани чархи эҳтиётӣ. «Калонхон, чархро ба мошин бигир». «Чӣ кор кунӣ ин чархро, Истад? Мошини мо «Волга» не-ку?» «Бигир, гуфтам, бигир, ба «Волга»-аш ҳам мерасем».

пешина
аз 429
навбатӣ