Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Истад нафаҳмид ҳақиқатҳои ўро, Истад дарк накард ҷон канданҳои ўро ва аз дил гузаронд, ки тоҷикӣ рақсид
– чунон ки баъзан худи ў рақсад бар ин оҳанг: умбака дак-умбака дак, яъне ба оҳанги доираи ў рақсид. Истад чархи эҳтиётии дар он хона бударо пеш овард, резини онро бо мисрону болға аз чанбар ҷудо кард, аз як лаб садсўмаю панҷоҳсўмаро кашида, ба миёни мўйҳои наботранги ў халонд, часпонду ба сараш пошид, то даме, ки миёни коғазҳои сафеду кабудрангу сабзу нимҳол гўр шуд, то даме ки раққоса қоил шуда ба ў таъзим кард ва баъд ўро миёни пулҳо гўронда, ҷониби Шакаршо рафт... Аммо Лариса чархаду рақсад, муроде ҳосил не. «Нагуфтам, ки ту ин чизро нафаҳмӣ!»
садои рассом аз гўшаи саҳна омад ва Истадро ба худ овард, ки дар даст суратҳои афшурда, чорчўбаҳои шикаста дошт... Ба замин зад ҳамаи онҳоро ва оҳи баланду дароз кашида ба курсӣ нишаст:
«Наход, ки ҳамааш ҳамин бошад?» Ва касе ба саволи ў ҷавоб надод, пасон сар афшонд: «Ҳо, ҳамааш ҳамин».
...Ва Калонхон боз назди ў даромад.
— Аз барои Худо маро ором гузор, он қадар монда шудаам, киии...
— Ман як умр туро ором гузоштам, Истад, вале ҳоло хоҳам, ки ба як даҳан...
— Баъд! Баъд! Аз барои Худо баъд!...
Ва ҳамин зайл сухани Калонхон нагуфта монд. Вай ба шабистон рафт, ки рў ба рўи кати холии духтараш буд. Духтари калонак Сунбул шабҳои назди падару модар мондан дар ҳамон кати дўстдошта гўё падарро бонӣ карда мехобид, вале чӣ шуд, ки имшаб касе касеро бонӣ карда натавонист, ҳама аз якдигар бехабар монданд...
Истад тўморро боз дарунтар тела дод, то вақти хобидан ба китфаш расида ва ё буни гўшаш омада, халалгор нашавад. Баъд хеста баромад, он хона гузашта чархи эҳтиётиро хабар гирифта, бозомад ва куртаи шабпўшаки сиёҳи дирўз аз амбор овардаро пўшида, дар назди оинаи барқад худро тамошо кард, гўё касе ба мисли ў зебову расида набуд... боз гирист, ки Шакаршо ба қадри ў нарасид: «Ба мотамат пўшидам, рассом» гуфт ў ва дар оина дид, ки чӣ хирахандае буд гуфтораш. Вай дурудароз ба оина нигарист, худро тамошо кард ва гўё абадан ба хотир гирифт, ки баъд аз ин худро чунин надида бошад, вале мадораш суст шуд, дер истода натавонист. Нишаст. Лаби бистараш нишаст ва хост боз рассомро пеши назар орад, аммо Лариса пеши чашмашро гирифт ва нагузошт, то Истад Шакаршоро бинад. Пасон ў худро бо дигар чиз машғул доштанӣ шуда, даст ёзида аз зери болишт тўмори ҷўраро гирифт.

пешина
аз 429
навбатӣ