Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Албатта, раис, ба хонаи шумо наравем, ба хонаи кӣ равем.
– Истад гўё баробари дидани раис ҳама чизро фаромўш кард ва ба мошин нишаста ба Мирзо фармуд, ки тез ронад: – Тез рон, бинии калони ў аз назарам дур шавад. – Ва мошин тез мерафту Истад дар дил ин чизро такрор мекард: «Ман некиҳои раисро надонам, кўр шавам...»
Он шаб тамоми шаб ў азоб кашид: барои Калонхон, барои Шакаршо ва барои ҳимматҳои раис. Симои онҳо пеши назар омад, кирдори онҳо пеши назар омад ва зуд даргузар шуд ва ў хаёл кард, ки аз онҳо ўро чӣ мондаву аз ў чӣ монад: Аз Калонхон
– Сунбул, аз раис – дунёӣ, аз Шакаршо – сурат, суратҳои зиёде, ки воситаи апарати суратгирӣ тайёр кард ва мусаввараҳое, ки бо мўқалам кашид, вале сурати асосӣ нест, сурате, ки Истад хоҳиш карда буд – сурати барқади ў. Боқӣ ҳама суратҳоро вай метавонист фармуда тайёр кунад. Аммо хост, ки сурати ўро Шакаршо кашад; ба ў нигоҳ карда, гоҳи ба латтаи чорчўба мўқалам бурданаш дарёбад, ки Истад чӣ занест: чӣ рў дорад, чӣ мў дорад, чӣ абрў дорад ва боз бинад ва донад, ки дар куҷои рўйи ў холи зебо
– сиёҳ ё гўштӣ ҳаст, ҳусни рухони ў дар кадом вақт зеботар шавад
– вақти хандидан, табассум кардан ва ё вақти хомўш истодан ё ғамиву ғазаболуд будан? Вай хост, ки Шакаршо ҳама чизро дар хусуси ў донад, вуҷуди ўро равшан бинад ва ба қаъри чашмаш нигариста, қиссаи замирашро хонад, аммо Шакаршо ҳеҷ надид, ҳеҷ чиз нафаҳмид, ҳеҷ чизро пай набурд – ба назари Истад ҳамин хел: нафаҳмида аз ў дур шуд, агар фаҳмида бошад ҳам, нодуруст фаҳмид, барои ҳамин дур шуд. Вай инак дар бораи Шакаршо ҳарф назад, чунон ки ба ҳар шиносу наздики дучоромадаву ҳамнишин сифати ўро мекард, муомилаю муносибат, одамгариву пурбориву дурандешии ўро мегуфт ва агар сурати мутакаббирона дар курсӣ нишастаи ўро мисли сурати «Туркондухт» ва ё ангораи барқади ўро фариштасурат мекашид, даҳони ў аз таърифу ифтихор монда мешуд ва он сурат ё дар болои қолӣ меистод ва ё яклухт як тани деворро мегирифт, аммо афсўс... Истад ҳама суратҳое, ки Шакаршо тайёр карда буд, ҷамъ оварда, дарза кард, то ба оташ занад, ва суратҳои ҳамчун моли санъат ба ў тақдим кардаашро гирифта, ғазаболуд пора-пора кард, чорчўбаашонро шикаст, гўё осуда шуд. Аммо ба ҷойи ин ҳама пеши назараш як сурати резаи ғашовари маймунсурат омад, ки орому осуда нагузошт. Вай мўйи парешони наботрангашро афшондаю парешон карда, ба ҷин монанд шуд ва ўро безобита кард ва баъзан аз дур хурдакак тофта, якбора, чунон ки дар кадри кино бошад, пеши чашм омада тамоми экранро фаро гирифт, ки Истад чизеро дида натавонист.
Ў ҳарчанд хам шуд, рост шуд, аз паҳлўи ў, аз зери каши ў нигоҳ карда, Шакаршоро пайдо кардан хост, чизеро надид. Ин сурати Лариса буд, ки Истад номашро ҳам напурсид. Баъди фурсатҳо ў пас-пас рафт, рақс карда нўг-нўги по, ба ду ангушти калон ларзида пас рафт ва пеши чашми Истад як саҳнаи фарох кушода шуд, вале Шакаршо пайдо нагашт, духтарак чархиду рақсид, ларзиду ҷон канд, ҳунар намуд, то заррае ба Истад хуш ояд, аммо аз ў ҷуз ғазаб чизеро дарёфт накард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо