Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Тавонӣ... ҳамроҳи ман курорт рафта тавонӣ, боз чун тавонӣ, ба гуфти худат, роҳкиро, пули путёвкаро ҳам дода тавонӣ, вале ҳамроҳи ман ту театр рафта натавонӣ... ту ин чизро написандӣ, Истад, ин чиз дар хуни ту нест, Истад... Ман ягон бор надидаам, ки ту китоб гуфта бошӣ, театр гуфта бошӣ, телевизор тамошо карда бошӣ, ё газета хонда бошӣ... олами ту барои ман бегона ва ба олами мо ту сарфаҳм наравӣ...
— Ҳамин қадар рўз сарфаҳм рафтам, акнун сарфаҳм наравам?
— Кай? Дар куҷо? Чиро сарфаҳм рафтӣ? Ба ғайр аз бинӣ ту дар ман чизеро пай набурдаӣ!.. Хайр, мо дер монем...
— Нишин, бурда монам, боз ин зочаат «нокас» будааст нагўяд.
— Не, ў ба ин хел ҳарфҳо сарфаҳм наравад... Дар Ленинград таълим гирифтааст.
— Меҳмон аст?
— Меҳмон.
— Кай равад?
— Шояд равад, шояд наравад.
— Пас ў зани ту нест?
— Ҳаст ва нест.
— Ту чаро ин хел шудаӣ?
Истад бо фаҳмиши худ чизеро пай бурд ва Шакаршоро монда ба ҷавонзан рў овард:
— Бубахшед, хонум, ман ба ў гўям, ки меҳмонро гирифта ба хонаи мо биё, вай рад кунад.
— Агар, ки рад кунад, раво набудааст...
Мошине гузаро шуду сахт тормуз дод ва пас-пас омад ва дари паҳлўи рост кушода шуда, садое омад.
— Ин ҷо чӣ кор мекунӣ, Мирзо?!
— Инҳо театр рафтанианд, раис, – қадаме пеш партофта ҷавоб дод Мирзо ва пеш рафт, ки бо раис вохўрӣ кунад.
— Театр? Кадом театр?.. Истода ҳам театр равад? – ба саволҳои аввал ҷавоб нагирифта боз пурсид раис.
— Истода не, Истад, раис, – аз мошин баромада гуфт зан,
– Номамро фаромўш кардед, – даст ёзид ў, – ва чаро ҳама гумон кунанд, ки Истад театр рафта натавонад?
— Не, ман донистанӣ, ки ин меҳрро ба дили ў кӣ андохта бошад? Рассом албатта, рассом, – пеш омадани рассомро дида аз мошин фуромад раис. – Боз ин парранда аз кадом иқлим омадааст?
— Ба наздикӣ тўй будааст, раис, – ба ҷои рассом гуфт Истад.
— Нағз-нағз, ман шитоб дорам, набераро аз боғча гирифтан лозим, – ба хона марҳабо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо