Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Шакаршо дар хонааш, раиса...
— Чӣ?
— Дар хонааш... ҳамроҳи занаш.
— Чӣ хел?
Истад ба ҷавоби Мирзо нигарон нашуда, аз мошин баромад, ки яктоз ба хонаи ў равад, аммо натавонист. Ба назари Мирзо кадом раги дили ў канда шуд ва фурў нишаст: «Ман ҳоло бо вай ҷиддӣ гуфтугў накардаам, ҳамаро шўхӣ донистааст», аз дил гузаронд ў ва хаёл кард, ки ин ҳарфро ба Мирзо гуфт. Истад пай набурд, ки ягон риштаи дилаш канда шуд, балки эҳсос кард, ки сараш давр гашта, мадори пояш рафт ва чашмаш сиёҳӣ зада, дар ҷояш нишаст ва сонӣ оғўш карда бардоштани мардеро дарк карда «Шакаршо!» гуфт. Ва Мирзо мубтало будани ин занро дониста «Шакаршо ҳозир меояд» гуфт. Истад равон гирифт, чашм кушод сўйи ў. Нигоҳаш пурсид: «Чӣ гуфтӣ? Такрор бикун». «Шакаршо либос пўшад, ҳоло биояд».
Ва Шакаршо баромад; ҳамроҳи як ҷавонзани малламўи хушлибос, ки духтарча барин аз дасти Шакаршо медошт. Вай мисли як мурғаки сабукболи зебо метофт ва ба назар пояш ба замин нарасида меомад, хандида меомад, гуфта меомад, болида меомад, вале Шакаршо ҷиддӣ буд ва ба рафтору гуфтори ў эътибор намедод, ки як қадам пеш ҷаҳида, духтарак рў ба рўйи ў бозистод ва чизе гуфта, посух гирифт, ки боз хандида, паҳлўяш қадам зад.
Истад аз даруни мошин ба онҳо нигарист: «Ягон бор бо ман чунин рафтор накардааст, фиреб будааст ҳамааш», чашм аз онҳо намеканд ва аз худ пурсид: «Ин тирмизак чӣ эътиборе дошта бошад пеши ў?» Майдаяк, харобак, сабукак, пуф бикунӣ, парад, аз рўйи фаҳмиши Истад ў на ба зан монанду на ба ҷин.
— Ассалому алейкум! – дари мошинро кушода одоб кард Шакаршо, аммо Истад алек нагирифт. Ҷавонзани монанд ба балерина ҳайрон ба Шакаршо нигарист. – Тинҷӣ? Калонхон нағз? Сунбул нағз?
— Нағз, ҳамааш нағз! – ба ситеза гуфт Истад.
— Хўш?
Истад фаҳмид, ки бо ин ҳарфи кўтоҳи бемаънӣ Шакаршо чӣ гуфтан хоҳад: «Чӣ иддао дорӣ? Барои чӣ омадӣ? Ин рафторат чӣ маънӣ дорад? Гўшам ба ту!» ва монанди инҳо, аммо Истад ҳеҷ чиз пай набурд.
— Мо ба театр равона, Истад.
— Магар ман ҳамроҳи ту театр рафта натавонам? Магар ман ҳамроҳи ту курорт рафта натавонам? – шарм накарда гуфт Истад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо