Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чаро раиси калон?... Назди Шакаршо.
— Охир вай нест-ку?
— Нест, лекин пайдо кардан лозим... Метарсам, ки... метарсам, ки...
— Метарсӣ, ки...
— Не, нагў! Тез ҳай гў, дарашро бикўб, бишикан!.. А? Ҳеҷ кас нест? Бикўб, бишикан!
Мирзо мошинро боздошт ва ба Истад нигарист. Ў гиряд. Ба ғазаб омад: «Чаро доштӣ, ҳай кун, дер монем!» ба китфи ронанда як мушт зада фарёд кард Истад. «Ман хоб дидам, ман хоб дидам!
Ҳай кун!... Агар бо ў коре шавад, чархҳои мошинатро сўрох кунам ва худатро...» Баланд садо кард ў ва Мирзо ҳайрон, ки чаро имрўз раиса аз модашер ҳам пурғазабтар аст? «Ту қадри одамро чӣ донӣ, ту муҳаббатро чӣ донӣ... Ту дар умрат нағз дида бошӣ!..
Ту донӣ, Мирзо, ҳамаашро донӣ... лекин мағзи дили маро надонӣ, муносибатҳои моро, вохўриҳои моро дидаӣ! Сўҳбати моро шунидаӣ, аммо чизеро пай набурдаӣ... Ту надонӣ, ки чӣ мушкил аст, азизтарин касро аз даст додан...!» Ў гирист. Мирзо хираханда кард ва зуд ба оина нигарист, ки раиса хандаашро надида бошад.
Не, вай чашмонашро пўшида, сар ба пушт андохта буд, оинаро намедид. «Ман чӣ гўям ба ин зан, ба ин зани беақл, сода... наход ту надонӣ, ки рассомҳо занонро дўст надоранд».
— Раиса!... Раиса...
— …
— Раиса!
— Чӣ гўйӣ?
— Шумо бовар мекунед, ки рассомҳо ҳам занро дўст доранд?
— …
То ба шаҳри калон даромадан на Истад чизе гуфт ва на Мирзо чизе пурсид... Мирзо мошинро назди бинои нўҳошёна боздошт ва мунтазир буд, ки раиса ягон чиз мегўяд. Аммо ў хомўш буд, гўё саволи ронанда ўро дар роҳ кушт ва дигар натавонад фармон диҳад, пурсад, хоҳиш кунад ва ё худаш аз мошин баромада, зинаҳои шиносро боло шавад ва дари ўро кўбад, зангро пахш кунад.
— Чӣ истодаӣ, мулўҳ!? – хашму ғазабро ба сари ронанда рехт Истад.
Мирзо чун тоҷи хурўс сурх шуда буд, дар дил як дунё пурсу посух тайёр карда буд, лекин забон газид: хуб нест, ба ў ҳам аз амборҳо насиба расад, беҳтарин духтарони мўдпўш назди ў зорӣ кунанд, ки фалону фулон чизҳоро пайдо кунад, агар фармудаашонро пайдо кунад, аз гапаш берун набароянд, дар доираи ў рақс кунанд. Ў барои коргарон Мирзо не, Мирзоҷон, ў барои бисёр касон ронанда не, ҳоҷатбарор, мушкилкушо, марҳам ва ғайраҳо…
Чун ў тавонад, ки аз реҷаи раиса берун барояд, чунон ки раиса ҳеҷ гоҳ аз хати кашидаи раиси калон берун наояд, чунон ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо ў кўр буд, гунг буд, шал буд.

пешина
аз 429
навбатӣ