Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шакаршо ҳеҷ кас надорад, ки пойи рафти ўро боздорад, аммо Истад ҳар куҷо равад,бояд бозгардад, ақаллан ба хотири чархи эҳтиётӣ. Калонхон ҳоло ҳам надонад, ки даруни чарх чӣ ҳаст. Феъле дорад, ки ба роҳмондае чарх лозим шавад, бароварда диҳад, ки коратро буд кун, ба манзил, ки расидӣ, чархро бифирист. Аз ин ҷиҳат Истад парешон. Аз бозе ки рассом гум шудааст, Истад тарафи амборҳо давр нагардад, лекин дар ин миён чанд бор Махсуми ришро даъват карда, фармуд, то назди фолбин равад ва ба эшонбобо фаҳмонад, ки кор чунин аст. Фолбин фаҳмонд, ки рассом бо як духтараки малламўй дар соҳили баҳр оббозӣ дорад. «Бибиистад парешон нашавад, рассомону шоирон ҷунун доранд, худ аз худ баромада ба кўҳу биёбон раванд, ҷунунашон, ки гузашт, бозоянд». Гуфтаи Эшон Истадро тасалӣ дод, аммо гуфтаи фолбин ўро девона кард.
«Махсум, ба эшон гўй, пеши рассомро чунон бандад, ки ягон зан ба вай нигоҳ накунад».
— Ин чӣ толеъ аст, ҳар чизе ки пайдо кунам, зуд гум шавад?
— Бодовардаро бод барад, Истад... Ва ҳаминро ҳам дониста мон, ки касе чу ман туро ҳурмат накунад...
Гўё ин ҳарф барои Истад нав не, борҳо шунидааст, меҳрубониҳои ўро донад; ҳатто баъди кори кардаи Истад агар дигар мард буд, ба ў нигоҳ намекард, аммо Калонхон аз пештара ҳам зиёдтар меҳрубон аст ва Истад чунон шуморад, ки ҳамаи рафторҳои хуби Калонхон барои ба ҷойи ў кор кардану пайдо овардани зан бошад.
Калонхон дар ин бора фикр ҳам надорад, балки дар замираш нафрат ва кароҳат пайдо шуда; лабаш хандаду дилаш гиряд, боло ў як Калонхон не, ду Калонхон аст – Калонхоне, ки Истад донад ва Калонхоне, ки Истад надонад. Истад гумон кунад, ки нав Калонхон ба вай меҳрубонтар шуд, нав ба ҳарфаш гўш дорад, нав ба доми зан афтид, то алвақт гўё марди хона буд ва баъди майзада шудан ҳам назди ў сар хам накарда, барқасд нўшонўшӣ дошт, инак ба худ омада ҳама чизро фаҳмид ва бе ягон ранҷу азоб маишат кунад
– аз давлати Истад маишат кунад. «Ту мурғаки ба дом афтодаӣ, Калонхон... Лекин барои чӣ Шакаршо маро ҳамроҳ набурд?» аз дил гузаронд Истад ва ба ронанда фармуд, ки мошинро рост ба вилоят ронад. Ў бовар надошт, ки Шакаршо бе ягон хату хабар курорт рафта бошад; бовар накард, ки чун Истад занеро монда бо кадом малламўй лаби баҳр равад; бовар накард, ки ягон зан ин рассоми биникалони на чандон зеборо Истадвор дўст дошта тавонад, зеро худи рассом гуфта, ки ҳеҷ кас мисли Истад, маро навозиш накардааст. «Пас чӣ хел бе ман равад?»
— Тез ҳай кун Мирзо!
— Ба куҷо?
— Ба куҷо мешуд? Ба вилоят.
— Ҳа-а, назди раиси калон?

пешина
аз 429
навбатӣ