Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Раиси колхоз буд, дардманд шуд...
— Сабаб андоми зебои ту будагист?
Истад ноз кард ба маънии сухан сарфаҳм нарафта. Шакаршо ҳаматарафа ба Истад форид, Боре гуфт: «Пештар бо ту вомехўрдам, занат мешудам… Лекин аз заношўӣ ошиқу маъшуқ будан хубтар аст».
— Шакар, омаду рафт ба ту малол нест?
— Чаро малол бошад? Саёҳат аст.
— Агар хоҳӣ, мошин гирифта диҳам.
— Ташаккур!
— Бешўхӣ, Шакар... имконият дорам, баъд зуд-зуд наздам оӣ, ба кўҳсор барӣ.
— Даҳ сўм ба таксӣ дода наздат оям, лекин ба кўҳсор набарам…
Хомўшӣ. Истад ба ҳама ишораву суханони тагдори ў сарфаҳм наравад; гумон кунад, ки дар дил чӣ андешаҳо дорад; вазъу ҳолаш ҳавои гирифтаи магнитиро монад; тазйиқовар, вазнин; дилро фишор диҳад.
— Ман хоҳам, ки бароят ҳама корро бикунам, лекин ту баҳона ёбӣ. Ҳоло хона равем, бубинӣ, ки ман чӣ қафасҳои китоб овардам, чӣ хел китобҳо харидам.
— Рост бигў, харидӣ ё оварданд?
— Фарқ дорад магар?
— Фарқ дорад, Истад, фарқ дорад.
Шакаршо се рўз назди Истад наомад. Телефонашро канд. Истад хавф бурда, одам фиристод, рассом дар хона набуд. Рассоми хаёлманд бо чӣ андешаҳо куҷое рафтааст, ки касе хабар надорад.
Истад шабҳо гирди хонаи ў гардад, ба ошёнаи шашум нигарад, ки чароғаш сўзад ё на. «Наход ман ба дили ў зада бошам, наход зиндагии ман нафратовар бошад?»
— Калонхон, Шакаршо аз ту чизе напурсидааст?
— Чӣ бояд бипурсад?
— Дар бораи корат, дар бораи зиндагиамон, дар бораи ягон кас...
— Не.
— Шакаршо гум.
— Хайр, гум шудааст, боз пайдо мегардад.
— Чӣ хел?! Ту гум шудӣ, бас набуд, ки ў ҳам гум шавад!?
— Чӣ хел ман гум шудам?
— Ту гум нашудаӣ, лекин аз гумшуда батар!
Калонхон ҳамаашро фаҳмид ва донист, ки ҳоло дар олам барои Истад аз Шакаршо азизтар кас нест. Ў ҳатто раисро ҳам фаромўш кард. Калонхонро набинад, ба ёдаш нарасад, аммо гум шудани рассом ўро талафот аст; гўё ҳама чизро гум кард, ягон чиз ба назараш натобад, ёди касеро накунад, ҳатто Сунбули қадрас аз хонаи модаркалон ин тараф наояд; барои Истад вазнин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо