Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Не, духтарбозӣ не, ҷўрабозӣ, – чизеро ба Шакаршо фаҳмонданӣ шуд Истад. – Калонхон ҷўрабоз. Ҳоло шумо ҳам бе ў истода натавонед.
— Ман ба ҳама чиз тоқат карда тавонам, Истадхон; ҷуз пастиву нокасӣ.
— Ба пастиву нокасӣ ягон кас тоқат карда натавонад, – таҳаммул накард Истад ва Калонхон сурфид: «Бинии калонаш ба худаш». Ҳамчун мард бинии ўро хуш надошт; ба хадукаш расид ва олуғдааш кард, хуни ўро ангехт. Маҷбур шуд, ки онҳоро ба ҳолашон гузошта бурун барояд, то нафаси озод кашад.
Вақте ки Шакаршо ба ин хона даромад, ҳамчун рассом ба дару девор, ҷевону қолӣ ва аршу фарши хона нигарист, пай бурд, ки ин хонадон аз илму фарҳанг фарсахҳо дур аст: дар қатори хрусталу зарфҳои ранга ва сервизи «Мадонна» се-чор китобе буд, ки бетартиб меистод ва рассом он китобҳоро гирифта бо нўги остин чангашро пок кард ва варақ зада пай бурд, ки то ҳол касе ин китобҳоро накушодааст. Зеро варақҳо ба ҳам часпида буданд.
Инҳо китобҳои «Капитал» «Луғати иқтисодӣ», «Дузд» ва боз се ҷилди асарҳои Ленин буданд ва паҳлўи онҳо ҳайкалчаи норавшани инқилобчие ҳам буд, ки аз гаҷ сохта шуда: тўҳфа ё маънии дигаре дорад.
— Бубин, Шакаршо, мо чӣ рўзгори камбағалона дорем, – аз рафтори ў чӣ маънӣ кашид, ки изҳор кард Истад.
— Камбағалона не, хоксорона ва дониста...
— Ба ту чӣ форад? Бигў, то муҳайё кунам.
— Донам, ки тавонӣ.
— Хохӣ, дусадҷилдаи адабиёти ҷаҳониро орам.
— Аз куҷо? Кайҳо тамом шудааст.
— Барои бепулон тамом шудааст.
— Рост гўӣ... – миёни абрўи Шакаршо гиреҳ зад, худдорӣ кард.
Кафид: – Дусадҷилда ба ту чӣ лозим?
— Барои зебаш, ман вақти хондан надорам.
— Китобро, ки нахонӣ, нахар, мон касе харад, ки хонад. Дар ин хона суратҳои худат бас, ягон китоб хонаро ин хел оро надиҳад.
Ба назарам ҳар сол ё ҳар чанд моҳ дармиён сурат мегирӣ, а?
— Ту маро масхара дорӣ, Шакаршо. Гумон кунӣ, ки мо одамони беақлем, ҳеҷ чизро нафаҳмем, фақат хурему мурем.
— Ман ин хел нагуфтаам, Истад, магар аз нигоҳу чеҳраам ин чиз хонда шавад?
— Не, худам ҳамин хел хаёл кардам.
— Хаёл накун, ақли олимон ҳам ба ҳама соҳа нарасад, ҳатто ба коре, ки ақли ту расад, ақли ман нарасад, Истад.
— Ақли ту ба ҳама чиз расад, Шакаршо, барои ҳамин ту ба Калонхон маъқул шудӣ.
— Ҳа-а, шавҳарат одами хуб... Пеш ў чӣ кор мекард?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо