Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Мудирон аз байни гилему қолиҳо, аз миёни тўпҳои газвор ҳар чӣ баҷо карда бошанд, бароваранд, аммо рассом ба ҳеҷ кадоме рағбат надошт, фақат нигоҳу назар дошт: ба деворҳо, ба тартиби чизҳо, ба рафҳои холӣ, ба молҳои истеҳсоли ватанӣ, ки тўп-тўп хобида буданд, диққат медод.
«Аҷаб касонанд ин рассомҳо!»
«Шояд, пулаш набошад?»
Баъд ўро ба таҳхона фуроварданд, ки рухсаташ дар даҳони раиса буд. Шакаршо ҳайрон монд; савдо гуфта, мағозаро мефаҳмид, аммо пўшоки тани баъзе касонро дар дўконҳо надида. Мардум моли хориҷӣ пўшанд, ки дар фурўш набувад. Халқ одат кардааст ба хушпўшӣ: тамғаи «Гулистон»-ро канда ба ҷояш «Монтана»
часпонанд, пойи мол ба замин нарасад, мардум ҳоло нобино, аз ин рў фиребашон диҳанд. Аҷаб махлуқе халқ, мисли сўзан ҳамаро пўшонаду худ – луч, мисли дег ҳамаро хўронаду худ – холӣ. Дар чунин вақтҳо рассом андеша кунад, ки наворбардор буд, беҳтар буд, зеро чизҳои дидааш бо тасвир рўшан нагардад.
— Наход, ки ба ту чизе лозим набошад, Шакаршо?
— Масалан.
— Туфлӣ...
— Дорам.
— Костюм, курта...
— Дорам.
— Хайр, дошта бошӣ ҳам, боз гир.
— Чӣ кор кунам? Пухт, хўрам? Кўҳна шавад, навашро гирам.
Ва Истад гўяд, ки аз рассом бисёр чиз омўхтам. Рассом фармояд: «Истад маро дунёи дигар тамошо дод…» Истад дигар нашуд:
боз дасти мудирон ҷониби кисаи ў ёзад, боз чархи зҳтиётӣ дам кунад, боз Истад бедорхобӣ кашад, парешон аст; аз дузд тарсад, аз гум шудани чарх тарсад, аз ғайб задани Калонхон. Ба назараш, рўзе Калонхон чунон аз ин хона равад, ки ному нишонашро касе пайдо накунад. Ҳарчанд Истад беҳтарин чизҳои амборро барои ў орад, хуб пўшонаду хуб хўронад, воситаҳои тиббиву муолиҷавӣ, муҳайё созад. Гумон дорад, ки оқибат ба ин корҳову рафторҳо, тоқат карда натавонад...
Истад рассомро ҳам ба хона овард: ба Калонхон аввал «беҳтарин дўсти раиси калон» гуфта шинос кард, сонӣ рассом гуфтаниҳо гуфт. Нахуст аз якдигар ибо доштанд. Гиреҳи сўҳбати онҳоро Истад ёфт, баъд сўҳбаташон қўр гирифт. Рассом дар бораи дидаҳояш, хондаҳояш гуфт, Калонхон аз курортравиаш. Истад миёни сўҳбат лагат мезад: «Баъди се-чор рўзи курорт рафтан телефон мекард:
«пулам тамом шуд».
— Барои занбозӣ пули зиёд лозим, – ҳазл кунад рассом.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо