Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Иншооллоҳ, ҳоло бисёр бинем... Лекин ҳоло рухсат диҳед, ки намози аср наздик аст... Худо ба ин хонадон баракат диҳад!
Оллоҳу акбар!
Ва Истад вақти назди дар рафтани эшон кореро кард, ки мудирони амбор бо ў кунанд: «Дуо кунед, эшонбобо, сару тан кардан лозим буд...»
— Дуои маро Махсум ба шумо расонад...
Ва Махсум боз даруни амборҳо мисли калламуш бў мезад.

Онҳо дар вилоят шинос шуданд, дар назди раиси калон. Рассом Шакаршо милтирос задани чашмони Истадро пай бурда, онҳоро ба зиёфат даъват кард. Раиси калон нарафт ва Истад «ман ҳатто наҳор нахўрдаам» гуфта ҳамроҳи ў рафт.
— Шумо пиёда гашта тавонед? Ошхона дар тори кўҳ.
— Нағз будааст... мошин ҳаст, – Истад ба ҷониби мошини дар сояи дарахти чанор истода ишора кард.
— Ман пиёдагардиро дўст дорам...
— Барад, аз он тараф пиёда оем.
Ҳамин хел шуд. Мошин рафту баргашта омад ва онҳо дар тарабхонаи ба ном барои рассомон сохта чошт хўрданд ва баъд болотар баромаданд, ки ҳавои тоза гиранд, зеро дар шаҳри пурғубору сердуд чунин ҳаво пайдо кардан имкон надорад. Боз болотар рафтанд, ки ба назар ҷондоре он ҷо набуд.
— Шакаршо, ман аз они ту, – сар бар сари синаи рассом ниҳода, базўр овоз баровард Истад, ки навозиши ангуштони рассомро дар нармаи гўшаш ҳис кард. – Ман дар зиндагӣ ҳеҷ камбудӣ надорам, камбудиам ту будӣ, ки ёфтам.
Рассом «ҳм» гуфту монд ва Истад маънии мадди ўро пай набурд, сахттар часпид... Ва баъд чунон часпид, ки як пои Шакаршо дар Душанбе бошад, пои дигараш дар Кофарниҳон буд. Истад субҳ ҳам, шом ҳам ба ў занг мезад: «биё» ё мегуфт: «дар ҷои корат бош, ба шаҳр равам, занг занам» ва онҳо ҳамроҳ чошт мехўрданду шом.
Истад ҳамаро фаромўш кард, аз дўстон гила шунид, аз раиси калон пичинг… Чун Шакаршоро дид, ҳама чизро фаромўш мекард.
— Ман девона шудаам, Шакаршо, туро набинам...
— Гузарад, парво накун.
— Ман дар зиндагӣ чизеро намефаҳмидам, чашмамро кушодӣ, Шакаршо.
— Ҳоло чашмат калонтар кушода шавад.
— Ман нафаҳмам ҳарфҳои туро.
— Оҳиста-оҳиста фаҳмӣ.
Шакаршо чунин ҷавобҳои муғлақ мегуфт сарбаста. Аён буд, ки заррае самимият надорад, аммо Истад ҳар сухани ўро дигаргуна пазируфт ва гумон дошт, ки ў ҳам як рўз ўро набинад, девона шавад. «Ба ту ягон чиз лозим нест, Шакаршо?» «Не!» Ва Истад бовар накарда, ўро ба амборҳо бурд ва ба мудирон фармуд, ки беҳтарин чизҳои баҷоиро бароранд.

пешина
аз 429
навбатӣ