Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Олам дигар шуд, вале ба Махсуми риш омад накард:
рўзе дар мототсикли Махсум Истад хамон дуздбаччаро дид ва ба ронанда фармуд, ки пеши роҳи онро гирад, аммо ў реб доду бо борикроҳа гурехт ва Истад ба ронанда фармуд, ки рост ба амбори боло равад. Истад рост ба амбори либосҳои дўхта рафт ва Махсуми ришро дид, ки аз байни либосҳо палтои белгӣ ҷудо мекард ва зери тўпҳои шоҳӣ мегузошт. «Ҳаққатонро ҷудо мекунем, раиса!» Истад ба ҳарфи ў ҷавоб надод, балки дигар чиз пурсид:
«Мототсиклат куҷост, Махсум?»
— Дар хона, раиса... Лозим буд?
— Писарат ҳай карда гаштааст-ку!
— Падарлаънатро нарас, гуфта будам-а.
— Рост бигў, номи писарат Иброҳим аст ё Ҳасан?
— Иброҳим, раисаҷон.
— Чаро ў Ҳасан гўяду ту Иброҳим? Фамилааш чӣ?
— Ҳусенов.
— Чаро ў Махсумов гўяду ту Ҳусенов?
— Вай савод надорад, раисаҷон, ҳама маро Махсум гўянд, шояд аз ҳамин сабаб гуфта бошад.
— Пас ў писари туст?
— Ман надонам, ки шумо киро гўед, Иброҳим писари ман аст, вале Ҳасан писари ман нест... Агар писари ман гуноҳе карда бошад, ҷазояшро бинад, раисаҷон ва шумо донед, ки дар замони мо писар барои падар ва падар барои писар ҷавобгар нест.
Истад, ки занаки оташмиҷоз аст ва бадкина ва дар қудурату қасос дар ҷои аввал, худи ҳамон лаҳза дар дилу майна қарор кард:
«Махсуми риш аз кор ронда шавад!» Ва чунин кор шуд; чунон тез, чунон ногаҳонӣ, ки Махсум назди эшони Нур рафта тўмор гирифта натавонист. Аммо сонитар худи эшони Нур ба дари раиса омад ва Истади ихлосманд бори нахуст «пираш»-ро дид: марди кулангии сафеди фарбеҳ, ки ҳаргиз чашмаш ба чашми офтоб наафтида бошад, офтоб рўяшро надида бошад – парворӣ.
— Ҳай, эшонбобо, наход, ки барои ду пула ҳарф шумо сарсон шавед-а? Ман ин корро шумо наомада ҳам дуруст карданӣ, лекин дертар. Худатон гўед, эшонбобо, магар дар шариат дурўғгўӣ равост? Бинед, ки Махсум ҳам дурўғ гўяду писараш ҳам. Шумо донед, ки писари ў ба дуздӣ даст задааст? Хайр, худаш – Махсум, ба дуздиаш касе бовар накунад, аммо оқибати писар чӣ шавад?
— Ҳа-а... хуб нест. Шумо дуруст гўед, Бибиистад...
— Орзуям буд, ки худам наздатон равам, дидори муборакатонро бинам, шукр, ки ба орзуям расидам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо