Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар тани Истад ларза пайдо шуд: аз саҳл садо, нохост кушода шудани дар, занги телефони нобаҳангом, кўфтани дарвоза, бозистодани мошин ва аз пайдо шудани шахси бегона танаш ларзад ва то фаҳмидану ба худ омадан рангаш канад.
«Ҳамин тавр кӣ будани Ҳасанро нафаҳмидӣ-а?.. Нафаҳмида бошӣ, як кори дигар бикун: назди эшон бирав, тўмори тарс биёр». Ва тўмор мадад накунад; Истад аз он донад, ки як бор тўморҳои бахшидаи эшонро ба об афканд, дигар тўмор мадад накард, ҳарчанд ихлос кард, эътиқод дошт, тарсу ларз бартараф нашуд. Хобпар ҳам шуд ва аз ҷойи хоб тарсида мехест... Аммо ҳамин ки андаке ба худ омад, андешид, ки қувваташ ба ҳама чиз расад ва тавонад ҳамаро бихарад. Шердил шуд, тавоно гашт, қомат рост гирифт, ки ба ў касе тир наояд, магар раис. Алҳол ду тан дар ин музофот ҳастанд, ки ба якдигар тир оянд, бо дасти «дароз»-и хеш ҳамаро муттаҳам карда ва даҳону чашми баъзеҳоро баста тавонанд.
— Чаро ин қадар рангат парида?
— Намедонам, раис... Аз афташ, гуноҳи Калонхон маро гирифт.
— Чӣ хел гуноҳ?
— Ўро ҳамчун шавҳар надонистам, ҳол он ки ба шавҳар чашм ало кардан гуноҳест азим.
— Шояд ҳамин хел бошад, лекин ба вай чашм ало карда, чизе бой надодаӣ.
— Медонам... Ҳар чӣ пайдо кардам, ба туфайли шумо... Лекин...
— Ин гапҳоро мон. Ба ту як чизро гуфтаниам... Ман аз ин ҷо меравам.
— Чӣ хел? – як қад парид Истад на аз раис, балки бештар аз худ ҳаросид. – Ба куҷо?
— Ба боло...
— Оҳ раис, талхаамро кафондед!

...Ва раис Истадро ба ҷойи худ тавсия кард, суханаш бурид.
Истад раис шуд, лекин чархи қариб таранг гашта, андаке пуч шуд. Калонхон чарх овардани Истадро донад, вале пуру пуч шудани онро надонад; дар қабати кўрпаҳо ва либос ва матоъҳо пул буданашро донад, аммо даруни чархи «Волга» ба ҷойи дам пул ҷо шуданашро надонад; ва боз донад, ки як дафтари муқовааш осмониранг пайдо шуда, ки қатор-қатор рақамҳои «тиллозаём»
навишта шудаанд, лекин надонад, ки Истад ба наздикӣ аз бонки давлатӣ тиллотанга харид... бисёр чизҳо барои ў номаълум аст; Истад на ҳама чизро ба ў гўяд. Истад акнун калон. Бо калонҳои район муомила кунад, пеш бо котиби дуввум сару кор дошт, ҳоло бо котиби якум; пеш бо роҳбарони Ҷамъияти матлуботи вилоят бо телефон ҳарф мезад, ҳолиё худаш равад; пеш ба базаҳо мерафт, инак аз идора истода ҳама корро ҳал кунад, ба ҷои худаш мошину ронанда равад, мудирони амбор дам ба дам телефон кунанд ва назди телефон нишинанд, ки кай раиса занг зада коре фармояд,...

пешина
аз 429
навбатӣ