Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ало? Кӣ, Махсум? Зуд хона биё... Не, мототсиклат катӣ!
Истад гўша монданро донаду ғайб задани писаракро. Баъди телефони Истад бачча чунон худро аз дар бурун андохт, ки Ҷондоров даҳон воз монд. Ва онҳо кӣ буду чӣ буд карданд, ки Махсуми риш расида омад ва дар ҳавлии ў милитсияро дида ҳайрон шуд.
— Тенҷияй, раиса?
— Дузда дошта будем, лекин гурехт... Худат писар дорӣ?
— Ҳў.
— Чӣ ном дорад?
— Иброҳим.
— Не, номи вай – Ҳасан.
— Ҳасан, Ҳасан, Ҳасан... Не, ин хел баччаро надонам.
— Гуфтам, ки ба худат супорам... Афсўс, ки гурехт... Хайр, боз ба даст афтад.
— Аз дасти милитсия, ки гурехта бошад, баччаи бало будай.
Истад аввалҳо чанд ҷамъ шудани пулро медонист, сонӣ ҳисобро гум кард. Дар ҳар сўрохие, ки пул хаста буд, бароварда миёни хона рехт ва дарро аз дарун қуфл кард, то шуморад; байни ду пойи ёзида гирифта шумурд, аммо то охир шумурда натавонист.
Ба дилаш зад ва дарза-дарза даруни чархи мошин ҷо кард. Зери обу арақ монд, даруни хонаи дару тиреза баста сахт арақ кард ва монда шуд, зеро ҳеҷ гоҳ чунин пурҳаяҷон кор накарда буд ва бовар надошт, ки аз кори ў касе огоҳ бошад; бештар изтироб, хавф, тарсу воҳима кашиданаш аз ҳамин буд; медонист, ки дар хона касе нест, дарвоза ҳам аз дарун баста, бо вуҷуди он тарсид, гумонаш касе ҳаст; ё дар зери кат, ё даруни ҷевон, ё паси дар касе ҳаст ва ҳама рафтори ўро бинад: «Чӣ лозим ба ту ин корҳо? Ба гўр набарӣ!?» хаёлан садо омаду ў такрор кард ва чархро ба чанбар ҷо накарда, бар он нишаст, хаёлаш, нашинад, касе онро рабояд; ё сари даст бардошта барад ва ё ғелонда ва раҳораҳ пулҳо пош хўрда, пеш-пеши бод паранд ва касоне, ки ба пул зор ҳастанд, аввал аз паи бодбурда тозанд ва якбора бозистода «ҳаром» гўянд ва рў тобанд. Истад ба онҳо арбада кунад: «Чӣ хел ҳаром?! Худатон ҳаром! Ин пули бонк! Ин пули бонк! Касе бонкро ғорат кардааст!
Фақат дар бонк ин қадар пул бошад!» Ва Истад рў тофт: «садақаи сар, садақа»... Беихтиёр дасташ хам хўрд ва хабар гирифт, ки зери пояш чарх ҳаст ё на? «Интиҳои ин кор чӣ бошад?» ҳатто чунин фикр кард ў, вале зуд аз ёдаш баромад... Хаста шуд, шалпар шуд, аз ҳолат рафт, чархро ба чанбар пўшонда натавонист ва гумон кард, ки аз хона набарояд, кафад; тани андаке дар ин рўзҳо гўшт гирифтаашро бардошта хест ва назди дар рафта бозистод, гўш ба берун дод, ки ҳавои ҳавлиро фаҳмад: ором буду хомўш. Дарро кушод ва рост рафта ба кати миёни ҳавлӣ нишаст ва хешро мусичаи бегуноҳ гирифта, гўш ба дару девор дод, ба гўшаҳои ҳавлӣ нигарист ва ҳаросаш афзуд – айнан мисли дузд, ки аз ҳар садо, соя ва омадае ҳаросад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо