Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ба куҷо?
Писарак ҷавобе надода, назди дарвоза мошине истод ва милитсионере дартоз омад.
— Ина! – гўё бо ҳамин сухан ҳама чизро фаҳмонд Истад.
Ҷондоров бад нигарист ба бачча ва ўро дар даҳлез бозпурс кард:
— Баччаи кӣ мешӣ?... А?... Гунгӣ?!... Дуздиро ба ту кӣ ёд дод?
— Ман катӣ булбул будӣ, ҷавоб те!
Писарак бад нигарист ба Истад. Ҷондоров ўро заданӣ шуд, писарак яктарафа гашта, халос хўрд.
— Ўҳў-ў, мактабашро хондагӣ барин, – қадаме пеш монд ў ва нохост як торсакӣ ба рўи ў зад ва аз рўи машқҳои омўхта зарбаи дигар писаракро аз по афтонд. Ҷондоров худро ба болои ў партофт ва дастонашро пушт тоб дод. – Ин корро ба ту кӣ ёд дод?
— Милитсия! – ҷонаш дард карда баланд гуфт ў, вале онҳо нафаҳмиданд, ки ў милитсияро ба мадад даъват мекунад ва ё мегўяд, ки фармудаи милитсия аст.
— Рўта сиёҳ накун, гап зан! Кӣ фармуд?
— Милитсия-яяя!
— Чӣ хел милитсия? – ба Истад нигарист Ҷондоров, ў китф дар ҳам кашид. – Шумо маро месанҷед? – Истад сар ҷунбонд. – Ин хел бошад, хез ба милитсия меравем.
Писарак бархест ва баромаданӣ шуд.
— Исто, бачча, кӣ фармуд?
— Холиқов.
— Холиқов? Началник?
— Ҳа, – гирист писарак.
— Ин хел бошад, як забонхат навис, туро ҷавоб медиҳам, лекин дигар ин коратро намекунӣ. Фаҳмидӣ?... Навис.
— Ман забонхат навишта наметавонам.
— Навис, ман мегўям: Ба истиқоматкунандаи райони 3. Истад... аз номи... номат чӣ? Навис... Махсумов Ҳасан «Забонхат».
Навис. Медиҳам ин забонхатро дар ин бора, ки ман ҳақиқатан Махсумов Ҳасан... писари кӣ гуфтӣ?... Ҳа, падараш нест... медиҳам ин забонхатро дар ин бора, ки... ман ҳақикатан ба хонаи Истадхон даромада, дуздӣ кардам, ба даст афтодам... Онҳо маро авф карданд, як бори дигар ин кор такрор шавад, онҳо маро ба суд диҳанд. Нависондӣ? Числои ҳаминрўзаро мон. Нависондӣ?
Ҷавоб. Дигар ин г... ро нахўр.
— Не, ҳоло сабр бикун, Сафарбек. Ман як ҷо телефон кунам...
Ало, базаи боло? Поён? Гўшаро набардор, ман як базаи боло телефон кунам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо