Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Падарлаънати беадаби бепадар... боз ба ман ёд диҳӣ! Боз маро дузд гўӣ?
— Беадаб ҳам, бепадар ҳам, падарлаънат ҳам худат...
— Ту падарлаъната кӣ фармуд, ки... – давоми суханашро гуфта натавониста ба писарак дарафтода, кашу паркаш кард, то ў занад, лат кунад, ё коре дигар, то ба даъво далеле дошта бошад; дуздӣ не, балки шўрапуштии ўро иддао кунад. Аммо писараки мактаби чунин корҳо хонда худро пас кашида гирди миз мегашт ва на гузошт, то соҳибхона ба ў дарафтад. Истад курсиро бардошт, писарак дур шуд, то ў расида натавонад: – Кӣ фармуд ту лаънатиро?
— Милитсия!
— А? – курсии ба тори сар бардоштаи Истад афтид аз даст.
Афтида ба миз зад ва як пояш шикаста ба фарш бархўрд. Занак нишаст, ба фикр рафт, ки ин бачча рост гўяд ё барои тарсондани ў чунин рафтор кунад, – Ё мурдаат аз ин хона барояд ё ҳамаашро гўйӣ...
— Ҳаҳ-ҳааа… Тавону мурдаи маро барор!
— Ту кўдак ҳастӣ, пул ба ту чӣ лозим? Чаро дуздӣ кунӣ?
— Ҳо, ман кўдакам, ба ман пул лозим нест, ман бояд дуздӣ накунам... Зеро синну солам мувофиқ ба дуздӣ нест. Шумо бояд дуздӣ бикунед; мактабашро гузаштаед… Ман дуздӣ накунам.
Пулҳои дуздидаи шуморо ҷамъ орам, ки то бистсолагиам, чӣ қадар шавад. Пул дар як вақт лозим: вақте ки ба факултети ҳуқуқи университет равам, гўянд: «Пули калон лозим!» Университетро хатм карда ҳамаи шуморо худам суд кунам, вагарна шуморо касе напурсад; зеро ҳама ба дасти якдигар об андозед…
— Нақшаат зўр, бачча!
— Албатта зўр... Лекин дар барномаи таълимӣ нест. Худам фикр карда баровардам… Шумо бенақшаед? Зиёд ғун оред. Дузд барад. Ин қадар пул ба шумо чӣ лозим? Фақат садию панҷоҳӣ...
Ана ҳамин пули рўи миз пули чӣ?
— Хез дафъ шав-э, бар падарат лаънат-э!
Мижаи писарак хам нахўрд, хандид.
— Калламушҳо!
— Не, бачча... ту ҳамту ғайрати ба хонаҳо даромадан надорӣ, бе пушту паноҳ бошӣ, чунин муомила ҳам накунӣ... баробари маро дидан бояд дар ҷойи шиштат тар мекардӣ, баръакс ба ман дўғ мезанӣ.
— Шумо бояд дар ҷоятон тар кунед, таги ман тоза... пушту паноҳ доштанам баъд маълум мешавад.
— Бо собуни ман ҷомашўӣ накардаӣ, фисин!
Истад дигар тоқат карда натавонист, ба сари телефон рафт ва ин дафъа рақам гирифт. «Ҷондоров лозим... Сафарбек! Зуд хона биё... Дузд». Писарак шунид, аммо мижааш хам нахўрд, балки чанд дарза пули қатгаштаи садсўмаро ба киса зада, бархест, то барояд.

пешина
аз 429
навбатӣ