Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳама вақт ҳаром буд, – рў гардонд Калонхон ва чунон аз дарвоза бурун рафт, ки ҳаргиз барнагардад. Ва дар ҳақиқат то Истад назди модар рафта узр пурсида, хато будани шубҳа нагуфт, Калонхон барнагашт. Воқеа чунин буд: Истад пагоҳӣ ба кор рафт, як шиноси шавҳар наздаш даромада ҷуҳудатласи фармуда пурсид.
Азбаски шиносаш барои Истад ниҳоят каси даркорӣ буд, хона рафта атласро оварданӣ шуд... Истад қуфли дарвозаро кушода даромад, вале дари хонаро кушодан ҳоҷат набуд; аз даруни хона садои магнитофон меомад, Истад тарсид, ба даромадан ҷуръат накард... Дуздона пеш рафт, сар аз дари хонаи калон даровард.
Ҳангаш ҳам канду рангаш ҳам; писараке сархам ба ҳавои мусикӣ ҷунбон-ҷунбон дошт, дар наздаш шишаи коняк, мағзу мавиз буд, паҳлўяш дарзаҳои пул. Истад гўшаи телефонро бардошт ва дурўғин садо дод: «Милитсия, дар хонаи мо дузд... Зудтар».
Писарак сар боло карда ба ў нигарист, аммо аз ҷой наҷунбид, хандид:
— Кадом милиса? Шумо милиса файрод накунед, тарсед.
— Барои чӣ тарсам?
Писарак ба ҷои ҷавоб дарзаҳои пулро бардошт.
— Ту чӣ хел ба ин хона даромадӣ?
— Даромадам, ҳамту дарро кушодаму даромадам.
— Пеш аз ин ҳам даромада будӣ?
— Даромада будам.
— Пас ҳама вақт хонаи маро ту ғорат мекарди?
— Ман...
— Акнун маро чӣ кор кунед?
— Ба милиса супорам; Писарак боз хандид:
— Намесупоред. Аз шумо калонтараш маро дошт, насупорид.
Шумо савдогарҳо аз сояи худ тарсед; тарсед, ки ба ягон кас гўед, дуздии худатон фош шавад...
— Баччаи кийӣ?
— Баччаи отам.
— Отат кӣ аст?
— Отам-отам.
— Бигў, ки қават мекунам.
— Қавам бикун, ин дуздӣ он қадар ба дилам задааст, кииии…
қавам бикун.
— Ё туро касе фармудааст?
— Кӣ фармояд?
— Чаро дуздӣ кунӣ?
— Шумо суд ҳастед?.. Худи шумо барои чӣ дуздӣ кунед?
— Ман дуздӣ накардаам.
— Дуздӣ накунед, ин қадар пул аз куҷо дар хонаи шумо?

пешина
аз 429
навбатӣ