Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ягон вақт ба кор ояд...
Калонхон гумон кард, ки Истад ҳам мошинрониро ёд гирифтан хоҳад, «осон» гуфту нишон надод, зеро худаш ягон бор накушода буд ва ба ин кор рағбат ҳам надошт, чархи мошин кафад, мошинро дар ҷояш монда, назди Истад меомад. Истад «Ба ҳеҷ кор кор наоӣ» гуфта, кас мефиристод, то мошинро гирифта ояд. «Агар дар оянда чунин рафтор бикунӣ, хуб нашавад».
— Барои чӣ? – ҳайрон шавад Калонхон.
— Мо бояд дар мошин чархи эҳтиётӣ гузорем Ва чархи эҳтиётии ўро ҷуз худаш каси дигар нафаҳмад.
Калонхон ба Истад во кардану пўшидани чархи кафидаро ёд надод. Ў лозим донист, ки аз дигар кас омўзад; шофёри раис ёд дод.
Баъд Истад дар хонааш чарху чанбари «Газ-24» овард, ҳарчанд ки мошинашон «Жигули» буд. Болға, мисрон ва боз як оҳанаки аз оҳани секунҷа бурида ҳам дар хонаи ў пайдо шуд, ки барои кушодану маҳкам кардани чарх буд, аммо дамандоз набуд.
— Ин чархи «Волга» ба мо чӣ лозим, Истад?
— Дунё ба умед, шояд ба «Волга» ҳам расем.
Вале асрор ҳувайдо накард ва Калонхон напурсид ва ба он хона надаромад, то кору ҳолро донад...
Истад, ки аз дузодузиҳо безор шуда буд, надонист пулро чун нигаҳ дорад: қабати кўрпаҳо монд, гум шуд, таки кўрпаи ҷогаҳи хоб гузошт, нобуд гашт, халта карда дар гурбадав ҷой дод, муш хўрд ва корҳои Сокинаро такрор кард, нашуд. Ба ҷонаш расид, ки ба нўги даст чамъ кунаду бо халта баранд. Дуздро роҳзан ғорат кунад. Истад аз онҳое, ки ба хонааш даро-баро доранд, гумонбар шуд, то ҳадде ки ба раису Калонхон ҳам...
— Ман донам, Калонхон: имрўз набошад, фардо аз ман ҷудо шавӣ.
— Барои чӣ?
— Барои он ки ғами ояндаро хўрӣ.
Истад пулҳои гумшударо дар назар дошта гуфт, аммо Калонхон пиндорад, ки Истад барои зудтар аз ў халос хўрдан чунин ҳарфҳоро ёфта баровард.
— Модаратро хабар гирифта будӣ?
— Не, чӣ буд?
— Ба хона дузд даромадааст, пулҳо нестанд.
— Гум шудани пул ба модарамро хабар гирифтану нагирифтани ман чӣ нисбат дорад?
Истад бозгўиву бозпурсӣ накард, вале Калонхон нам кашид, сурху сафед шуд, димоғаш сўхт, ба ошхона даромада аз яхдон шишаро гирифта, як пиёла арақ зад ва шердил шуда, рўи ҳавлӣ баромад: «Медонӣ, чӣ? Ман ба пули ҳаромат туф кардам!»
— Чӣ-чӣ? Кай боз пули ман ҳаром шуд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо