Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Оча!? – гўё бо ҳамин ҳарф ҳиссиёту муҳаббат изҳор кардан хост ба пиразан, аммо пиразан зайле, ки нишаста буд – мисли кундаи дарахт карахту хомўш буд. – Оча, кай омадӣ? Ман туро надидам, – назди ў зону зад Истад. Аз пиразан танҳо қолаб буд магар, ки нигоҳаш чизеро ифода накард, саломи онҳоро алейк нагирифт, ҷавоби сухан нагуфт. – Сунбул гуфт, ки он ҷо кампире нишаста, монанд ба момам.
Дили пиразан ғаш кард аз чунин суханҳои ў ва раги гарданаш шах шуд, нахост, ки ба рўйи писарзан нигарад ва ё ба ў чизе гўяд. Як вақтҳо нағз медид ўро; омаданашро бинад, мехест, ба саломаш даст ба банди дил зада алейк мегирифт, мебўсид, «келинҷонам» мегуфт, кокулони дарозашро сила мекард, шукр мегузорд... Аммо ҳоло ба ивази ҳамаи онҳо мехоҳад, ки қуввате дошта бошад, то чангол зада рухи зебои ўро харошад, то ҳеҷ кас минбаъд ба рўяш нигоҳ накунад. Пай бурд, ки зўраш намерасад, лаб газид. Мадори гуфтану хестан, ки надошт, нахост, ки афтад; нахост, ки пеши назари Истад афтад. То бардошта набарадаш ва боз ба писараш таъна назанад, ки модари дар кўча афтодаатро бардошта омадам.
— Оча, Калонхон нағзай, шумо ғам нахуред! – гўё ки модар гаронгўш бошад, хам шуда гуфт Сокина.
— А-а? – ҷониби ў чашм дўхта овоз дод пиразан.
— Калонхон нағзай.
— Нағ-за-ай? Мемонанд, ки бинам?
— Ҳоло не. Баъди ду рўз.
— Нағзай, нағзай, – бовар накарда мегуфт пиразан.
Ў бо келин ҷангӣ буданашро пинҳон дошта натавониста, ба Сокина ҳарф мезад, ба Сунбул менигарист, мехост ўро ба оғўш кашида бўсаду бўяд, то бўйи Калонхонро шунавад, зеро устухон бўй мекунад, аммо ибо кард, нахост, ки назди Истад ин корро кунад. Пиразан бисёр худдорӣ кардан хост, кўшиш кард, ки дар назди онҳо ашки чашм накунад, вале дили нарми кўдакона гаштааш ба нияти ў итоат накард; ў бояд бигиряд, бояд ҳама аламашро туфайли оби чашм, ки барои он касеро муттаҳам, ҷавобгар ё таънаву маломат накунанд, ҳама аламашро резад. Ҳар кас маънии оби чашм ва қадри онро худаш мефаҳмад ва рафту ў ҳоло оби чашм кунад, Истад фаҳмад, ки барои Калонхон гиря мекунад, дигар ҳеҷ. Барои ҳамин ў нагирист, оби чашм накард, як ғадуди лўндаи дар гулўяш омадаро навъе карда фурў бурд, ба зўрӣ фурў бурд, бо иродаи қавӣ фурў бурд ва нигарист.
— Ҳаминакро бурда ба Калонхон намедиҳӣ? – рўймолчаи сафеди тозаи гиреҳбастаро, ки даруни он чӣ буданашро танҳо худаш медонист, сўйи Сокина дароз карда гуфт пиразан, вале ҳамин ҷо хештанро бой дод, вай надонист, ки овозаш меларзад, гиряолуд мебарояд ва дасти ёзидааш рўймолчаро дошта натавониста аз дасташ меафтад.

пешина
аз 429
навбатӣ