Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

«Не, ў ба роҳи хато наравад, фиребаш додаанд»... Ҳоло розӣ, ки Истад биёяд ва зудтар хабари сиҳатию саломатии Калонхонро гўяд ё ягон шиноси дигар... Одамон бисёр омада раванд, аммо ў нашиносад ва ҳеҷ яке пиразанро низ нашиносад, ки ў модари Калонхон аст.
... Истад омад. Бо мошини Сокина омад. Дар як даст банкаи мурғшўрбо, дар дасти дигар сумка аз мошин фуромад ва Сунбулро пеш андохта, андаке Сокинаро мунтазир шуда, ба дари беморхона рафтанд, кампирро надиданд, зеро эътибор надода буданд. Пиразан ковок ва аз ҷой хестанӣ шуд, ки наберааш ўро дида, тохта меояд. Сунбул як ҷониби ў нигарист ва чизеро пай бурда, ба модар нигоҳ кард, аммо модар бепарво дида, ҳамроҳи онҳо даруни беморхона шуд... Пиразан фарёд кардан хост, сонӣ хеста аз пайи онҳо рафтанӣ шуд, худдорӣ кард. «Шукр, ки зинда будааст». Ва дид, ки набера аз дар сар бароварда ҷониби ў менигарад. «Биё!» ишора кард ў, духтарак сар фурў кашид. Пиразан кафш пеши пой рост карда, хеста ба дари бемористон рафтанӣ шуд, аммо раги пояш кашид, бознишаст ва рўзадориро ёдовар шуда, лабони хушкашро нами забон кард. Донист, ки писараш касал будааст. Ба «Жигули»-и сурхи рў ба рў дуру дароз зеҳн монд ва ба назараш намуд, ки аз нигоҳи ў мошин андаке пас-пас рафт.
Бо чашми хирагашта дарахти чанори дар рости бордони мошин истодаро озмуд кард ва дурудароз нигарон шуд, ки дар ҳақиқат мошин пас-пас меравад ё на. Маълум, ки мошин намеҷунбад, балки назари ў мелағжад. «Даромаданд» сўи дари даромад нигоҳ карда аз дил гузаронд пиразан ва боз бархоста рафтанӣ шуд...
Онҳо баромаданд: аввал духтарча давида баромада, сўи ў зеҳн монд ва боз баргашта аз дар сар халонд ва боз тохта баромад. Ба пиразан нигаристу ба модару ба Сокина, вале онҳо ё пай набурданд ва ё надида ангошта, сўйи мошин рафтанд. Чиҳое мегуфтанд, аммо сўи модари Калонхон нигоҳ намекарданд; тавре, ки нигоҳ карданро манъ карда бошанд. Пиразан чандон ба онҳо эътибор надод, вале дид, ки мошин пас гашту тоб хўрда ба роҳи омадааш бирафт. Дар чунин лаҳза дар хотири пиразан ягон чиз наомад; на қиссаҳои рўзгордории ин занаку писараш, на саргузашти худашу писараш, на ин дарди хешу бемории писараш... Фақат рафтани мошин пеши назараш монду нигоҳи набера... Дилаш ба сўхтан сар кард, ки мошини пеш рафта пас-пас омад ва анқариби ў бозистод.
Мошин хеле истод. Пиразан мошинро шинохт, аммо аз дарунаш касе набаромад. Пиразан ҳайрон монд, ки наход аз даруни мошин ба дидани ў омада, боз гашта раванд? Андешаи ў дур нашуда дари пеши мошин кушода шуд, Истад баромад ва дарҳои дигар кушода шуда Сокинаву Сунбул ҳам баромаданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо