Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модари пири Калонхон кадом ҳамсояи мошиндорро таваллову зорӣ карда аз деҳаи кўҳпора, бо қади дуто, чашми хираи наздикбин барои дидани писараш омадааст; барои дидани писаре, ки ба нони лаби остин калон карда, ба хотири ўву ёди шавҳари шаҳид дигар ба шавҳар набаромад. Ба ронанда фармуда, кӣ рост ба беморхона барад, ба хонаи писараш намеравад ва дар назди бемористон вовайло рафта, ки писарамро нишон диҳед, ки нишон диҳед. Ҳарчанд духтурон фаҳмонанд, ки мумкин нест, шуморо бинад безобита мешавад, ба ў ҷунбидан, гап задан... мумкин нест, модар мўяву шеван кунад, ки писарамро куштеду нишонаш намедиҳед. Пиразани ба хоку замин одаткарда рўйи курсии таги чанор не, балки бар бедаи поймолгашта нишаст, ки то писарашро ба чашми хеш набинад, наравад. Ҳеҷ кас набуд, ки ба ў ҳамроҳӣ кунад, ҳеҷ кас набуд, ки бо ў дардгўӣ кунад. Гоҳ-гоҳ ягон духтараки хилъати сафед пўшидаро, ки коғаз ба даст ин сўву он сў мегузашт, ҷеғ зада, аз ҳоли писар пурсон мешуд ва тавалло мекард, ки ўро назди Калонхон баранд, аммо духтарони ба ном табиб китф бар ҳам мекашиданд, ки калонтар аз онҳо касоне ҳастанд, ки танҳо бо рухсати эшон ба беморхона даромадан имкон дорад... Ва боз модар вовайло мерафт, яқин мекард, ки имрўз пири пир шуд; то алвақт қоматаш хамида бошад, аз по намонда буд, аз даст намонда буд, аз чашму гўшу забон ҳам намонда буд, ҳоло аз ҳама чиз монд. «Дурўғ гўянд ин сангдилон, бо баччаи ман коре шуда, аз ин рў нишон надиҳанд». Ў чашми хира ба тирезаҳо медўхт, ки шояд писар аз омаданаш хабар ёфта бошад; шояд ў аз он баландӣ ё аз ошёнаи паст ё аз дар намоён шавад «оча, ман ин ҷо»
гўяд. Модар нигарон, парвое надоранд дигарон, ки ин солораи солхўрда ба чӣ ният ин ҷо бошад. Ҳар суратеро, ки мисли соя дар тирезаҳо медид, қомат баланд мекард, то писар ўро бинад, вале садое намеомад. Модар ҷуссаи барои чунин қувва гаронро оҳиста ба замин нишонда, кафшҳои аз по кашидаро ҷогардон карда ва бо остини фарохи куртаи рў арақи ҷабин сутурда, оҳи вазнин кашид ва баумед, ки касе ўро ба дидори писар мерасонад. Истад ояд ҳам ў розӣ буд, ҳарчанд ки чашми дидан надошт, ҳарчанд ба чунин ҳол афтидани писари нозанинро аз дасти ў медонист; аввал гумон карда буд, ки писараш ягон кори нобоб карда, ба чашми давлат хок зада, ё халқро фирефта ба чунин рўз афтидааст (ба ў ҳамин хел фаҳмонда буданд). Он вақт чандон гиламанд набуд
– аз касе ё аз писар гиламанд набуд. Ҳамту шудааст, мегуфт, вале бовар надошт, ки писари ў ягон гуноҳ кунад, зеро каси ба кам қаноат карда бисёр нахоҳад, каси ятими бепадар тарбия ёфта аз ҳар чиз ҳаросад, донад, ки пуштибон надорад, умед ба хештан бандад, такя ба оне кунад, ки таълимаш додааст.

пешина
аз 429
навбатӣ