Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андаке иллатнамо буд ин ҷавоб, мазмун, касе ҷавоб дод, ки кӣ будани Истадро намедонад ва кораш ба ў наафтидааст... Фикр кард – фикр карду хобаш бурд ва аз ҳамон шаб дар долони ў чароғсўзӣ одат шуд...
— Зану духтарчаатон омаданд, – хабар овард занаки боркаш.
Калонхон ба занак нигарист, гўё «бори дигар такрор бикун» мегуфт, аммо зан, ки аз ў ҷавобе нагирифт, на танҳо такрор накард, балки дигар ҳарфе нагуфта борхалтаи пардагини «Олимпиада»
навиштаро паҳлўи кати вай гузошта, берун рафт. Калонхон ҳоло ҳам як зайл нигоҳ мекард. Ба назар, аз ў танҳо нигоҳ боқӣ монда буд. Рўболо мехобид. Ноҷунбон. Вонамуд мекард, ки чашмонаш метобанду чизеро ифода намекунанд, худаш эҳсос ё идроке надорад; мулўҳ барин. «Ҳеҷ чиз нагуфт». Ба зану духтарчаи Калонхон арз кард занаки боркаш. Духтарча чизе нафаҳмид, аммо Истад ба андеша рафт. Ў мисли дирўза набуд, балки мўй зери рўймол печида, куртаи чити тоҷикидўхт ба бар карда буд, ки аллакай мотам гирифта бошад, поҷома дошт, на кафши баландпошна, балки калўш пўшида буд. Гўё ба худ омада, фаросат карда, намуна пўшидааст, ки аз аввал бояд чунин мепўшид ва зани Калонхон шуда, осуда зиндагӣ мекард, то ўро ба чунин ҳол намеовард. Вай болшикаста берун баромад ва каси аз паҳлўи ў гузашта гумон ҳам намекард, ки ин зани сархами пурандўҳ Истад бошад... Истад ин қадар рўз тоқат кард, вале ҳоло ба хона расида, худдорӣ карда натавониста, гирист. Духтарчаро «рав, бозӣ бикун» гуфта хуб гирист. Ва садои ҳамсоязани дирўз мўйбофӣ омадаро шунида оби чашм пок карда берун омад.
— Ба акам чӣ шудай? – пурсид занак.
— Дирўз худ аз худ дар кўча ҳамин хел шуд... Дил...
— Илоҳӣ нағз шавад, – гуфта, ҳамсоя нашишта рафт ва Истад нам кашид, ки рамузгирӣ омад, аламаш афзуд. Пасон либос иваз карда, аз дасти духтарча гирифта ба идора рафт, то барои беҳуда ба кор нарафтан танбеҳ надиҳанд.
— Ҳамин хел шуд, раис, Калонхон дар беморхона...
Баъди ҳодисаву воқеаро ба раис фаҳмондан хулоса кард Истад.
Раис сар ҷунбонду афсўс хўрд, ки хуб нашудааст, Истад равад, шавҳарро нигоҳубин кунад, агар лозим бошад, телефон карда аз сардухтур иҷозат пурсад, то зан шабурўз назди шавҳар бошад.
«Лозим не, раис». Ўро ташвиш додан нахост Истад: «Лекин барои шумо хуб нашуд. Сокина гуфтагист? Шуморо хона даъват карданӣ будам...»
— Ин муҳим нест, – сари забони ўро гирифт раис. – Калонхон нағз шавад, меравем. Ҳоло ба хонаат бисёр меравем...
Гуфтаи раис ўро тасаллӣ бахшид, дар замираш равшание пайдо шуд, аммо Истад аз ў дигар чиз чашмдор: «Намепурсад, ки аз база хабар мегирӣ ё не? Корҳо сомон аст ё не?» Истадро ин чиз муҳим, ба хона ҷавоб додан ва ё надоданаш эътиборе надорад, аз сардухтур рухсатнома гирифта назди шавҳар мондан ҳам чизи дилхоҳи ў нест...

пешина
аз 429
навбатӣ