Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Акнун Истад пай бурд, ки овози мардак меларзад, ҷонсўзона мегўяд. Нерўе дасти Истадро пеш бурд, вале ў ба ҷойи «03» чанд рақами дигар гирифта бо касе ҳарф зад, ки аз хона берун набаромада, мошини ёрии таъҷилӣ расида омад ва Калонхонро як сўзандору карда, бардошта бурданд. Аз Истад пурсиданд, ки ҳамроҳ меравад ё на? «Баъд меравам», гуфт. Ҳаво тира гашта бошад ҳам, аз курсии нишастааш наҷунбид. Сунбул гиристу гирист, хобаш бурд. Дар рўйи гилеми қоқ хобаш бурд ва Истад нороҳат накунам гуфта, андаке паҳлў гардонда, тори кўрпача овард ва зери сараш лўла гузошта, аз нав бар курсии нарм нишаст ва каме ба худ омад, ки чанд вақти дар курсӣ нишастан дар бораи чизе ё касе фикр карда ба хулосае омада натавонист. Фикру зикраш дигар буд: Сунбулро ба хона овардан аз рўйи нақшаи пешакӣ буд, аммо омад накард.
Ў Сунбулро назди падар фиристода ба воситаи ў бо Калонхон ҳамсўҳбат шуда, муродашро фаҳмонда ва розӣ кунонда, ба хона меҳмон даъват карданӣ буд, ки ҳамааш барбод рафт, акнун надонад, то чӣ илоҷ кунад? Меҳмононро, парво накарда, хонад, ҳамсояҳо чӣ гўянд? Нахонад, хабарёфтаҳо чӣ гўянд? Буд-набуд Сокина аллакай ба ҳама расонд, ки хонаи Истад меравем. Вале Истад мурдаро монда, тутхўрӣ кунад, хуб нашавад. Ў ба хулосае омада натавонист, аммо бори нахуст дар зиндагӣ худро танҳо, бекас ва оҷизу нотавон дарёфт. Дар зиндагӣ сояи мард ба ҷойи мард будааст. Ҳарчанд дар хоначаи хафаву дилгир мехобид ва аз Калонхони «бадбў» дур буд, худро ҳамроҳдор меҳисобид, вале имшаб ҳамроҳи духтарча хешро танҳо мебинад ва нишаста-нишаста ба хаёл меравад, ки мардуми колхоз досу белу каланд дар даст дов кашида, ҷониби ў ҳамлавар мешаванд ва Истад ба худ омада, хаёлӣ будани онро дарк карда боз ба андеша меравад, ки Рақиби каҷтоқиву чанде коргарони завод пайдо шуда, яке дандонҳои дарозу заб-зард гиз мекунад, дигаре чашми аз косахона барҷастаро ҷониби ў метобад ва сеюмӣ панҷа ба чанги шеру паланг мегардонад. Воҳима пахш кард ўро, вале воҳимаи мурдани шавҳар зиёдтар буд. «Агар мурад, мардум чӣ гўянд?» Ў тарсид, арақ кард, гўё сари сўзан менишаст, ки ана-ана касе дарвозаро шикаста, дарро канда ба хона дарояд ва ўро...
— А-а-а-а! – садо дода ларзида бедор шуд Сунбул ва модарро ба худ овард.
— Чӣ шуд, духтарам? – худро назди ў андохта пурсид модар, ки Сунбул аллакай беҳушона сари ҷогаҳ нишаста буд, аз пурсиши модар чизе намефаҳмид. Истад ўро гардонда хобонд; ба китфаш нарм-нарм зад, то хобад. Хобонд, сонӣ ба бемористон телефон кард, ки аҳволи Калонхонро пурсад. «Ба ҳуш омад» ҷавоб доданд, аммо дигар чизе нагуфтанд. Хеле фикру хаёл кард ва боз занг зада аҳвол пурсид ва боз ҷавоб гирифт, ки «Калонхон беҳӣ меёбад, Истад хап хоб кунад.»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо