Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Рақиб бо ҳама гарангиаш пай бурд, ки ранги Калонхон дигар шуд; каҳраборанг гашт пўсти ў ва гирди чашмонаш ҳалқаи сиёҳ давида лабонаш кабудчатоб шуданд. Магар дигар лаб газидан суде надошт, ки лаб аз зери дандон во кард, дандон хуни лабро гурезонида, пай боқӣ монда буд. «Дада!» ба гўши падар расид овози духтар ва Калонхон ҳис кард, ки даруни синаи чапаш як тори нозук канда шуд ва ў тори гусастаро медорам гуфта дасти рост бурд ва ҳамон зайл ба замин пасрў афтид...
Духтарак тарсида, фарёди талх зад ва пас гашта, ҷониби дарвоза тохт, то модарро хабар кунад. Истад, ки аз роғи дар ҳамаро хуб дида буд, пушт ба девори канори дарвоза такя дода, ба кадом қуввае умед баст, то ўро аз ин ҳалқаи андўҳ берун кашад: «Чӣ кори кардаам буд?» Сонӣ чашм пўшидаҳоро пеши назар овард ва андешаҳои ояндаро. «Баробар...» Сунбули ба пояш часпида ва ба замин фурў хамидаро базўр камар дуто карда бардоштан хост, аммо бардошта натавониста, ҳамон зайл баробари ў фурў нишаст.
Вай, ки ҳанўз ҳам ба кадом умеде мўйи чилбофтро набаста ва ё напечонида буд, ҳангоми хам шудан пеш рехта мисли чавгони маҷнунбед духтарчаро пўшонд. Сунбул мегирист, модараш низ гирист, духтарчаро оғўш карда гирист. Сунбул ба ҳоли падар ва аз тарс мегирист, вале гиряи Истад маълум набуд, чун сар афшонда гиря мекард, афсўсаш маълум буд.
— Янга, аз раҳ бихез! – ҳангоми аз дасту пойи Калонхон бардошта аз дарвоза даромадан таъкид кард Рақиби каҷтоқӣ, ки дар ин рўзҳои наздик беш аз ин суханашро касе нашунида буд. Ў буду Калонхону шишаву буни девор. Истад Сунбулро оғўш карда ҷониби замини ҳавлӣ лағжид ва чанд тан Калонхонро бардошта рўйи кўрпачаи болои кат, ки Истад барои Сокина густурда буд, хобонданд. «Янга, духтур фарёд бикун!» гўё фармон буд аз номи Рақиби каҷтоқӣ. Ин фармони мардак ба Истад нафорид, қариб гуфта буд, ки худат фарёд кардан гир, аммо медонист, ки ба сухани ў мошини ёрии таъҷилӣ зуд намеояд, беҳтараш, ки худаш телефон карда, гўяд, зеро духтарчаҳои мўдпарасти касалхонаи район Истадро мешиносанд, на танҳо ба мадад зуд расида меоянд, балки ҳар хел доруе, ки лозим бошад, пайдо мекунанд. Истад ба курсии назди апарати телефон нишаст, гўширо бардошт, вале дасташ намерафт, ки рақамро гирад. Чандон рақами зиёд набуд – 03, аммо ба ҳамон ҳам дасташ нарафт. «Фаромўш кардӣ, янга!?» аз беруни дар садои Рақиби каҷтоқӣ омад, ки ягона ғамхори Калонхон бошад. Истад аз даҳони ин мард то алвақт ҷуз «салом» каломе нашунида буд, вале имрўз якбора се дафъа ба ў рў оварда сухан кард, ки оҳангаш омирона буд. Истад яқин кард, ки мардак ўро гунаҳгор медонад; «ту кардӣ ўро ба чунин ҳол гирифтор» мегўяд. Агар рўзҳои дигар мебуд ва Калонхон ба чунин ҳол наафтода буд, Рақиби каҷтокӣ ҳад надошт, ки аз дарвозаи ў сар халонад ва бо чунин оҳанг сухан кунад: «Зуд файродуш бикун, янга, мардак мемура!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо