Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Зиндагиаш нағз, қомати ҷиян ҳам боло, дасти раис ҳам. Ва минбаъд ҳазор кас дар ҳаққи раис тўҳмат кунад ҳам, касе бовар надорад, ки раис ба ҷинси зан рў меоварда бошад. Раис одами хушмуомила, ба Сокина ҳам, ба Рая ҳам, ба Истад ҳам ва ба фаррошҳои идора ва ҳатто ба котибаҳо як хел муомила мекунад, чунки маданияти баланд дорад, вале ба мардон дағалӣ кунад, айбе не, лаънатнавозӣ кунад, боке не, зеро мардҳо сазовори ҳар хел гап мебошанд; ягон мардро, ки дар соҳаи савдо кор кунаду ба Сокина, Рая, Истад ё фаррошу котибаҳо гап напарронда бошад, пайдо карда назди раис баред, ҳамон замон мукофот таъйин мекунад, афсўс ки дар ин соҳа чунин мардон нестанд. Барои ҳамин раис онҳоро, ки дид, ба хашм меояд ва ғазабашро дошта натавониста, ба рўи онҳо мепошад: «Бар падари шумо ҳезалакҳо наълат, дар байнатон ду-се зан кор мекунаду ҳамонҳоро ҳам ҳурмат карда наметавонед! Кўр шавед!»
Истад ҳайрон, ба гирудори дунё ва махлуқҳое, ки номи зиндагиро пасту боло мебардоранд, ҳайрон; аз ҳама ба шавҳари худаш ҳайрон: рафту раису дигарон ба хонааш меҳмон шаванд, ў бо ин мардаки даҳ кас медидагиву имрўз... чӣ кор мекунад. Ўро «ба ягон ҷо рав, ман меҳмон меорам» гуфта нашавад. Ба назар сар мешиканад ў, аммо сарҳисоби ин корро намеёбад. Дар назди чунин зот меҳмон хонда ҳам намешавад: «Ҳамон вақт ҷудо шавам, дуруст будааст».
— Ман бисёр монда шудаам, апаи Сокина...
— Чӣ кор кардӣ, ки монда шудӣ? – хираханд гуфт Сокина.
— Гап ҳам дар ҳамин, ки коре накарда монда шудам... Духтарчаамро ёд кардам...
... Истад духтарро овард. Ба хонаи модараш рафту духтарчаашро овард ва вақте ки Калонхон аз кор омада духтарчаро дар ҳавлӣ дида, тоқат наоварда кўча баромад, Истад ба Сунбул фармуд, ки рафта падарашро баргардонда биёрад. Аввал духтарак ба гуфти модар ҳайрон монд, ки чаро имрўз чунин мефармояд?
Пештар «нарав, назди ун бадмаст нарав!» мегуфт, акнун «рафта гардонда биё», мегўяд. Духтарак аз дарвоза баромад ва модар аз роғи дар нигарист, ки вай чӣ зайл ба падар наздик мешавад ва чӣ хел муомилаю муносибат мекунад. Духтар аз дарвоза баромад ва баргашта ба пас нигарист, ки касе дунбола мегирифта бошад.
Истод. Ҷониби падар нарафт, ки ў сўяш нигоҳ намекунад. Рақиби каҷтоқӣ, ки рў ба дарвозаи онҳо менишаст, баромадани духтарчаро дида ба Калонхон ишора кард. Калонхон нимрўя гашта, дандон хоида тарафаш омадани духтарро дид, вале аҳамият надода боз рў ба ҷониби кўчаи калон овард. Худ аз худ чашмонаш пўшида шуда, пешониаш пурчин гашт ва лаби поён миёни дандон гирифта фишурд, то бо дилаш коре нашавад. Дилаш мисли пештара метапид, боке набуд. Фишор, ки мехўрд, метарсид, ки ба балое гирифтор шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо