Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Истад ҳоло ҳам мақсади мошини худро монда, бо мошини раис ўро дунбола гирифта омаданашро намедонад, намефаҳмад. Саргузашти ў нав нест, кӣ будани Сокинаро Истад аз гуфтааш ҳам зиёдтар медонад...
Овозадортар аз Сокина дар музофот зане нест; Сокина гўйӣ, хурду калон медонад; Сокина гўйӣ, як зани зебои сафедрўйи пурраи барбастаи пуркибру ғурурро пеши назар меоранд, ки ҳатто мард дар назараш тифл метобад, ба ҳар кас сар намефарорад, бо ҳар кас гап намезанад, гапу гузораш бо раис хуб асту бо прокурори район... Истад намефаҳмад, намефаҳмад, ки ин зан барои раис чӣ лозим аст? Ў муносибати бо пурокурор доштаашро медонад, аммо бо кадоме аз онҳо Сокина пештар шинос буд, фарқ намекунад, ҳамин қадарашро медонад, ки раис аз прокурор баъдтар ба район омадааст. «Наход, ки Сокина барои ҳамин ба раис лозим бошад?»
— Хез, меравем!
— Куҷо меравем?
— Рафта мошинро мегирем, ягон ҷо меравем... Бозор меравем.
Раис мехоҳад, ки дар хонаат меҳмон шавад...
Истад дасту по хўрд, худро андаке гум кард, дилаш тапид, ки ба сухан гуфтан имкон намедод. Ҳарчанд зўр мезад, ки туфи сангсурат ба гулўяш мондаро фурў бурда, ҳарф занад, туф чу ширеш дар гулў мечаспид. Ў тавонист ба ҷои сухан сар ҷунбонад: «Не».
— Гумон мекунӣ, ки намеояд? Меояд, худаш гуфт. Зодрўзатро донистааст, гуфт, ки ду-се кас шуда меравем...
Дар чашмони Истад ашк пайдо шуд, вале Сокина нафаҳмид, ки чӣ ашкест. Ҳамин қадараш маълум, ки Истад раисро аз ҳама боло мегузорад.
— Рая ҳам меояд...
— Рая, барои чӣ?
— Тез нашав, Рая занаки хуб аст. Бо вай нағз шинос шавӣ, ҷудо шуданат намеояд... Шояд прокурор ҳам...
— Ман намефаҳмам, апа, фаҳмонед, ки чунин муносибатҳо ба хотири чӣ?
— Ба хотири раис, ба хотири ту.
— Мегўӣ, ки вай мардӣ надорад, духтурҳо справка дода буданд...
— Ҳо, духтурҳо справка дода буданд, ки мардум дар ҳаққи раис тўҳмат мекунанд, тўҳмат мекунанд, ки гўё раис маъшуқае дошта, ўро дуҷон карда, духтар илоҷе надорад, худро куштанист, вале касе ба раис чизе гуфта наметавонад, пулаш бисёр...
Беҳуда номи раисро бад мекунанд ин мардум. Бадном мекунанд духтаракро. Ҳол он ки раис ба миёна даромада духтаракро ба як ҷияни бечорааҳволаш никоҳ кард, духтарак духтар баромад ва баъди шашу ним моҳ писар зойид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо