Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Истад хаёл кард, ки ин занро як зарра шинохт, вале намефаҳмад, ки пул гум карда чун хомўш истодан мумкин, чӣ хел онро пайдо кардан имкон дорад.
— Апа, пул гум карда ба милитсия-ку хабар надодед, чӣ хел онро ёфтед?
— Давлат зинда бошад, халқ зинда бошад, як дастамон ба кассаи давлат, як дастамон ба кисаи халқ. Давлати Советӣ ҳамаро бой кард... Тамоми давлати бойҳои гузашта ба як мошини бойи ҳозира баробар намешавад... лекин ин чиз ҳамту намемонад, рўзе мешавад, ки ҳама баробар ҳисобот медиҳанд. Аммо маълум нест, ки ин пулҳоро кӣ медуздад... Мегўянд, ки тақрибан баъди ним аср музее пайдо мешудааст, ки дар он ҳама молу пули дар рўзҳои мо дуздида гузошта мешавад ва дар паҳлўи ҳар чиз номи дорандаву дузд навишта хоҳад шуд... Аҷиб-а, Истад?
— Аҷиб, – нобоварона гуфт Истад.
— То он рўз кас зинда бошад, ки мақсади пул ҷамъ карданашро гўяд...
— Масалан, шумо чӣ мегуфтед, апа?
— Масалан ман аз рўи принсипи хар аз хар монад гўшашро бурранд, амал кардам, дидам, ки пул зиёд мешавад, дар дил воҳима афтод, шабҳо хоб намебурд ва агар хоб барад, тарсида мехестам; дар хоб касони шапкапўшу тапончадор маро таъқиб мекарданд, гоҳ-гоҳ ба даст меафтидам, ё бо пул ва ё бо... халос мешудам...
Вале бедор гашта чунон диламро дар тапиш медидам, ки ана-ана аз гулўву даҳонам берун мерафта бошад, пушаймон мешудам, аҳд мекардам, ки дигар аз пайи ин кор нагардам, ҷамъкардаро як умр хўрда натавонам. Кори одат – балои ҷон, боз ба он тараф майл мекардам. Хирвор зарра мекашад, мегуфтанд, сонӣ фаҳмидам, ки чунин будааст; мехостам, ки боз он коғазҳои кабуди суратдор зуд-зуд ба дастам афтанд ва ман онро ба ҷое гузорам, ки касе ному нишонашро наёбад,.. аммо ёфтанд. Сонӣ пушаймон гаштам, ки аҳд шикастам, як бор, ки «бас» гуфтӣ, бас кардан лозим будааст... Чашми гуруснаи инсон ҳамон деги бетаги гуфтаам, хок пур накунад, чизу моли дунё пур намекунад... Ту чӣ пурсида будӣ?...
Ҳа, ман аввал аз рўи принсипи хар аз хар монад гўшашро буранд, амал кардам, сонӣ аз рўйи принсипи «Кӣ зиёд? Кӣ доротар?»...
Ва оқибаташро ба ту гуфтам... Дар байни савдогарон як шиор ҳаст: пур гуноҳ кунӣ, боке не, бонкро хонаат барӣ, гуноҳе не, лекин сари вақт худоӣ накунӣ, мушкилкушо накунӣ, дар назди Парвардигор тавба накунӣ, гуноҳатро нахарӣ, густохиатро на Худо бахшаду на банда...
Гуфтори Сокина ба гўши Истад намедаромад, ў гоҳ гўш медоду гоҳ на, намедонист, ки ин зан чаро насиҳатнома мехонад ва саргузашт мегўяд; саргузашти коргари вазорат барин, ки як моҳ наздаш шинӣ, ба кадом район рафтану гўсфандро чӣ хел куштану хўрдану чанд шиша арақ холӣ карданро мегўяд, ки дар олам ҷуз ин кор – хўрдану шикам бузург кардан шуғле набошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо