Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ин ҳарф ба дили ў боз ҳамон сўзанро халонд, ҳамон сўзане, ки ҳар гаҳ ба дили ў неш мезад ва огоҳ мекард, ки ту дар ин дунё дилкашолӣ надорӣ, такопўят беҳуда, ин қадар аз пушти молу пул давиданат барои чӣ?
Сокина пул ҷамъ мекард, аввал дар касса, сонӣ дар қабати кўрпаву либосҳо, халтачаҳо, пасон дар ҷомадон ва ба ҷомадон ҷилд карда, мудом ҳамроҳ мегардонд; ягон ҷо равад, дар мошин мегузошт, бозояд, ба хона меовард: ҷилд, ҷомадон, халта, коғази салафани обногузар, пул – мисли он ки дар афсонаҳо гўянд: дар фалон қаср қафасест, дар қафас кабўтарест ва дар ҷиғилдони кабўтар кирмест ва он кирм ҷони дев аст, ҳамон кирмро, ки куштӣ, дев мурад, вагарна ба ҳеҷ роҳ девро куштан натавон.
— Пул ҷони одам не, пул – чирки даст, меояд, ба собун шуста мегардад... Се бор хонаи маро заданд: аввал пули байни кўрпаҳою таги сар мондаамро, сонӣ пули даруни болиштро, баъд аз он ҷомадонро... лекин намурдам, боз ёфтам... Охирин бор тамоми зарру зеварамро бурданд, ки онро ту медонӣ. Ҳамон ду баччаи ниқобпўши мототсиклсавор, ки маро зада афтонданд, сумкаамро гирифта гурехтанд, тамоми гўшвораю чалаю дастпонаҳои брилиантнигинам даруни он буд... Вале боз ёфтам...
— Чӣ хел? Ба воситаи милитсия?
Сокина ба саволи Истад ҷавоб надод, хомўш монд, сонӣ ба рўи ў чунон нигарист, ки тамоми нафрати оламро ба рў пошида бошад:
— Чӣ хел содаӣ, ту занак... Наход ин чизро ба милитсия хабар додан мумкин бошад? Магар кас худашро бересмон баста медиҳад?.. Кӣ медонад, шояд ин кори худи орган ҳам бошад.
Ба назари Истад Сокина андаке пакар шуд, ба курсии нишастааш фурў рафт, майда шуд, мисли он ки ҳар бори пулро дуздонданаш ҳамин хел мешуд, мегирист ва ҳамин ки ҳаром ҳаром аст, гуфта худро тасалӣ медод, боз китфу бозувонаш бардошта мешуданд, қоматаш рост мегашт, чунон вонамуд мекард, ки чизе нашуда. Боз аз пайи кор мешуд, зиёдтар аз он меёфт ва гоҳ-гоҳе ба худ ҳисобот медод, ки ба ту ин чизҳо чӣ лозим? Хўрандаи зиёд надошта бошӣ, ба гўр набарӣ, як сару ду гўш, ки дар ҳар куҷо рўзат мегузарад, ҳатто мисли пештара курорт ба курорт гардӣ ҳам, рўзат мегузарад; боз чӣ хел мегузарад?... Баъди ба такрор талаф додани «дунёӣ» Сокина афсўс мехўрад, ки пулро ба умед ҷамъ карда буд, то чизе созад; баъди сараш маълум шавад, ки як зани танҳои мардмиҷозе ҳам дар рўи замин зиндагӣ карда буд.
— Росташро гўям, ман як хонаи хушрўй сохта ба давлат супориданӣ будам, ки яслӣ ё боғча кунанд... лекин насиб накард...
Шояд ин кор шавад... Ҳоло то нафақа панҷ-шаш сол ҳаст... Дунё ба умед...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо