Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Сокина хандид ва баъд фарқи ин суханҳоро фаҳмонданӣ шуд:
— Чӣ фарқ дорад: савдогар ё коргари савдо... Ту ҳоло дар деги калон наҷўшидаӣ, миёни ин чизҳо фарқ мегузорӣ, чун дар ин дег ҷўшидӣ, фаҳмӣ, ки кар – додари кўр.
Истад боз ба андеша рафт, ки деги калони ў чӣ бошад, донистан мехост ин чизро. Гумонаш, ки чӣ дег будани онро хаёле фаҳмад, аммо равшан надонад, ки чист.
— Кадом деги калонро гўед, апаи Сокина? Ин ҳамон деге, ки дар давраи колхозӣ бояд мешуду нашуд ва гўянд, ки дар замони коммунизм шавад, ҳамон аст?
Сокина аввал ҷиддӣ ба вай нигарист, ки абрўвонаш пасту баланд шуданд; абрўи росташ ба пешониаш рафта камонак ва худаш бадҳайбат гашт ва ба таври сунъӣ абрўи болояш парид ва шайтон раги гардани ўро молида мулоим кард, ки хандид:
— Ту дар куҷо калон шудӣ? Наход надонӣ, ки деги калон чист?
Ин ҳамон деге, ки савдогарон бозёфт ба он андозанд ва ҳеҷ гоҳ сериву пурӣ надорад; дар замин сахт фурў рафта, тагаш сиёҳу сўрохиаш ноаён, оташ надораду ҷўшад, ҳама умр фурў барад, аммо касе ба он кафлес назанад; агар кафлес задан хоҳад, дасташ кўтоҳӣ кунад... Акнун фаҳмидӣ, ки деги калонаш чӣ гуна аст?
— «Не» – сар ҷунбонд Истад.
— Ҳоло мефаҳмӣ, чун дилат ба меҳнатат сўхт, бифаҳмӣ. Ман ҳам мисли ту ба ин чизҳо сарфаҳм намерафтам, гумон доштам, ки зиндагии савдогар (рўи Истад боз чину ожанг гирифт, ки апааш ин калимаро зиёд кор мефармояд, ба ў маъқул нест ин калима) мол фурўхтану пулро ба касса супоридану ба як моҳона қаноат кардан аст... Ман ки сағир калон шудам, сахтиҳои зиёд дидам, гумон надоштам, ки одамро фиреб кардан мумкин аст, боз чӣ хел одамонро гўй? Онҳоеро, ки меҳнат карда, аз арақи ҷабин «чирки даст» ҳосил мекунанд. Бовар бикун, Истад, ман тасаввур карда наметавонам, ки одамро фиреб кунанд, рўирост пули дасти онҳоро кашида гиранд; ин кори дуздон аст... Ту гумон макун, ки ман туро роҳ мезанам бошам, аз савдо бирав, мегўям, не! Ту аз ин ҷо равӣ ҳам, ба ҷои ту сад кас, ҳазор кас талабгор, гап дар ин не, ман мехоҳам, ки аз қадру қимати худам ба ту сухан кунам... Ман аввали кор шаст сўм мегирифтам, гузашт, сад сўм мегирифтам, гузашт, саду ним сад мегирифтам, гузашт... лекин рафта-рафта пули калон намерасидагӣ шуд... Боғи калонро обмўрӣ калон... Сипас ҳазор-ҳазор мегирифтагӣ шудам, роҳи пул пайдо карданро донистам... Ҳавлӣ харидам, мошин гирифтам... Назарам Оқпошшоро намегирифт, бо ҳар кас шавла намехўрдам, ки нохунам месўзад...
Лекин аламовар он буд, ки вақти моҳона гирифтан, аз ман пули бебаччагӣ медошт... Аламовараш хамин буд, – Сокина хомўш шуд, хаёлаш ба куҷое рафт, ба худ омад, ки пой аз болои пой гирифта ва зансурат ба курсӣ нишаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо