Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Падар ба ҷанг рафт, модар шиками фарзандон сер бошад, гуфта, нахўрда, фавтид ва Сокина саробони додару хоҳар шуд, вале онҳоро бо туту тутмавиз поида натавонист, онҳоро бохт ва худ ба сағирхона рафт ва он дарахти тутро кӣ бурид, надонад...
Сокина дар ин бора андеша мекунад, аммо Истад ҳайату салобати ўро дида андешаи дигар дорад: «Ин зан бо чунин сару сомон ба раиси бинидарози пакана чӣ лозим шуда бошад?»
— Биё бишин, ба ман чоят лозим не... ман чойи шуморо бисёр хўрдаам, – ишора бар он дошт, ки баъди аз ҷанг баргаштани падари Истад, вақтҳои шогирд шуда дар магазини ў кор карданаш мудир Сокинаро чӣ хел ҳимоя мекард, кордонӣ меомўхт, пуштибон шуда ба шавҳар дод. Чун мудир аз олам гузашту Сокина худро шинохту доро шуда ба қатори занони чаҳор кас медидагӣ даромад, на танҳо аз шавҳараш ҷудо шуд, балки ба хонаи онҳо рафтанро ҳам фаромўш кард: сабаби аз шавҳар ҷудо шудани Сокина гўё безурёт будани мардак аст, вале аз ў ҷудо шуда занак на шавҳар мекунад ва на мезояд. – Бишин, одам бадгумон намешавад...
Истад чой рехта ба ў дароз кард, аммо напурсид, ки бадгумониашро чӣ боис аст, барои чӣ ин хел мегўяд Сокина. Ва баъди хеле вақт сухани то алвақт андешидаашро изҳор кард:
— Одам дилвасеъ мешавад, алалхусус зан. Зеро ҳама гаронии рўзгор, хонаву дар ба сари зан меафтад; мард одами кўча... Ту ҳоло маро намедонӣ, Истад. Раҳматии падарат маро медонистанд ва ҳеҷ гоҳ Сокина – зан, нагуфтаанд, ҳама вақт ту мардӣ, мегуфтанд, раҳматӣ, лекин ту маро надониста, ба кадом андешаҳои пуч паст задан мехоҳӣ... Ман зан мебудам, барои раис лозим набудам, хислати мардии ман ба вай лозим аст... Магар ту намедонӣ, ки ў справка дорад?
— Чӣ хел справка?
— Справка, ки ў бо зан муносибати ҷинсӣ карда наметавонад.
Ранги рўйи Истад канд ва ба хаёл рафта, пасон пурсид:
— Шумо аз куҷо медонед?
— Охир инро ҳама медонанд, вақте ки ба сари ў тўҳмат заданд, аз духтур справка гирифт.
— Баъд шумо ба духтуру справкаи раис бовар кардед?
— Чӣ хел бовар намекунӣ, духтурон пеш аз он ки ба кор сар кунанд, савганд ёд мекунанд, ки хиёнат накунанд, сирри духтуриро ҳувайдо нагардонанд... Як кас ба ман гуфт, ки савганди духтуриву савдогар як вазн дорад...
— Барои чӣ шумо номи моро паст мезанед, апа? Мо савдогар нестем, мо коргарони савдо ҳастем...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо