Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Истад ин ҳарфҳоро нашунид, гўё Сокина барои худ, мегуфт.
Ў ба фикр фурў рафта буд, ки раис ба Рая чӣ лозим? Ва Сокина ба раис чӣ даркор бошад? Модом ки ў аз хурд то калонро харида метавонад, Сокина ба вай чӣ лозим? Шояд дар ягон гиреҳбандӣ мушкилашро осон кунад... «Лозим бошад, ман ҳам ба ў хизмат мекунам...»
— Чӣ гуфтӣ? – гўё сухани Истадро фаҳмида бошад, пурсид Сокина.
— Мегўям, ки ҷуз ман ҳама ба якдигар лозим будаанд...
— Не-е, ту ба ҳама лозим, лекин муомила карда наметавонӣ.
Истад боз чизе нагуфт, зеро бори дуввум аст, ки ин ҳарфро мешунавад, аммо сабабашро намефаҳмад, ба андеша меравад: «Шояд ба ин сабаб Калонхонро бохта бошам?» Ў дар лаҳзаҳои душвор, дар ноумедиҳо, дар ҳолатҳои тангу фиребо Калонхонро ёд меорад, вале чун рў ба рў ояд, дидан нахоҳад. Пеши назараш касоне оянд, ки Истад ба қудрату тавони онҳо, ба дасти дарозу миёни бақуввати онҳо умед бастааст. «Ба умеди Худо машав, буттаро маҳкам дор!»
фармудааст ҳакими кўҳистонӣ, вале Истад ба касон умед мебандад, зеро ў хурд бошад ҳам, донад, ки агар ҳоҷатбарор бошӣ, эҳтиёҷи дигарон бар ту бошад, каси мушкилосон ба пойи хеш меояд... Ҳо, ба назди раис ҳама зумра одамон меоянд: ҳатто профессорон, муаллимони мактабҳои олӣ ва аз болои боло ҳам «Барои занамон як мўза, як кафш; ба янгаатон палтои белгӣ лозим» – мегўянд ва корашон буд нашуда, хидмат пеш меоранд: «Мо чӣ хидмат кунем?
Не, шарм накунед, ҳар хидмат бошад, марҳамат... мана ин рақами телефон». Баъд ҳама гуна рақамҳо ба кор меоянд: ё писари раис даҳумро тамом мекунад, ё ягон наздикаш бемор мешавад ё ягон доруи касмаёб лозим мегардад... Пасон онҳо гумон кунанд, ки ҳама кори дунёро осон ҳал кардан мумкин аст, ҳама чиз, калиди ҳама мушкилот дар дасти онҳост ва чизе, касе нест, ки ба онҳо панҷа зада тавонад... Ба қавли худашон бади бадаш коргарони орган, ки сардори сардораш ба онҳо эҳтиёҷ дорад...
Сокина ба хона надаромад, дар берун назди кат курсӣ монда нишаст ва ба назари Истад як зани кулангии босалобате тофт: пой рўи пой гузошта ва соидҳои сафеду фарбеҳ бар рўи зону ниҳода, ба боло – ба дарахти тути пир нигарист, ки ҳоло тафси офтоби нимрўзиро аз сари ў мегардонд. Шохҳои пиру парешон ва сўйи замин хамидаи тут чатри азимеро ёд меовард, вале барои чӣ бошад, ки ин чиз ба сари Сокина назада, барги туту кирмаки шоҳӣ хаёли ўро бурд. Ў чашм ба боло, ба баргҳои орому ноҷунбони тут, ки аз дам задани ҳаво гувоҳӣ медоданд, дўхта, як лаҳза гумон кард, ки дунё ором аст; касе, ҷонваре барои нафси хеш таҳлука надорад, мўре мўрчаеро озор надиҳад, чунон оромии гуворо, ки зиндагии кас ҳамин зайл гузарад, кас пир нахоҳад шуд... Сокина беҳуда дурудароз ба тут нанигарист: ў ин дарахтро аз модар ҳам боло мегузорад, ки дар солҳои қаҳтии фориғи ҷанг ҷони ўро харидааст ин тут, то ба сағирахона афтидан тут наимаю рўзиофари ў буд.

пешина
аз 429
навбатӣ