Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Чун ба пеш хам шуда буд, кокулонаш ўро зери парда гирифтанд. Раис пеш омада мўйҳои майдабофти ўро аз ду тараф пас кашид, ба тахтапушташ партофт ва баногўши чапашро бо дасти чап молида, зуд пас-пас рафт, ки касе дарро кушод... Ва дар кушода шуд. Чун раис назди курсиаш рафта буд, дар кушода шуда Сокина даромад.
— Биё-биё! – чӣ кор кардану чӣ гуфтанашро надониста даъват кард раис ва Сокина назди ў наомада илова кард: – Пурс, ки ба хоҳарат чӣ шудааст?
Вале Сокина напурсид, эътибор ҳам надод. Ба курсӣ нишаст.
— Ин хоҳари ту, Сокина, пурс, ки ба ў чӣ шудааст? Ба ман чизе намегўяд, гурехта мегардад, чанд рўз боз акнун дидам… Боз гиря. Аз дасти гиря чӣ меояд?
— Ягон дард доштагист-дия!
Истад тоқат карда натавонист ва ҳамон зайл даст аз рўй нагирифта бархост:
— Биист, Истад! Гап ҳаст!
Истад наистод, ба ҳарфи раис гўш накард. Чизе ба ёд наовард, фикре ба сар надошт, зинаҳоро фаромаду назди Ҳанифа даромадан хоста, дарашро кашид, то оби чашмони сурмашўяшро тоза карда, сонӣ ба кўча барояд, аммо дари ҳуҷраи ўро баста дид ва хам шуда бо чаппагии лаби домон ашки чашмони ба рухсор нақши сиёҳ гузоштаро пок кард, оби биниашро ҳам тоза кард ва кўча баромад.
Ҷониби корхонаи Калонхон нигарист, то рафта ҷеғ зада аз кор барорад, пеши пояш афтад, тавба кунад, беақлӣ кардам, гўяд...
Раги гарданаш ёрӣ надод, ки ин корро кунад, рост ба хона рафт, ки кўрпаро ба сар кашида бихобад, то касеро набинад, насўзад...
Аммо ба хона нарасида, мошине паҳлўяш қарор гирифт ва ҳатто нигоҳ накард, ки мошини кист, баъд садои кушода ва пўшида шудани дарро шунид, пасон аз банди дасташ доштани касеро пай бурда як қат парид.
— Чӣ эзмагӣ мекунӣ? – қариб ба гўши ў даҳон расонда пурсид.
— Эзмагӣ накардаам...
— Ман духтарчаам, ки намефаҳмам?... Ту ҳоло духтарча, ки чизеро намефаҳмӣ, як чизро андеша намекунӣ... Дунёро ба зуъму гарданшахӣ гирифта нашавад... Гумон мекунӣ, ки ман... Ман ба ў даркор ҳастам ва вақташ расад, шояд ба ту ҳам даркор шавам.
Вақте ки даркор шудам, мефаҳмӣ, ҳамаашро мефаҳмӣ...
— Шумо ҳам ба вай даркор, Рая ҳам...
— Не, ҳозир вай ба Рая даркор... Ту ҳоло дар деги савдо наҷўшидаӣ, ба гуфтан намефаҳмӣ. Ту ҳоло савдоро магазин мефаҳмӣ...
ҳол он ки савдо ба магазин танҳо заррае муносибат дорад... Ҳоло кўдакӣ, ин чизро ба ту намефаҳмонам... Раиси савдо хоҳад, котибро ҳам мехарад, фурўшандаро ҳам, маро ҳам, туро ҳам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо