Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳама баробар нигоҳ мекунанд. «Ин қадар зебо шудаед, апаи Истад!» гуфт Бибихол ва Истад андаке кушода шуд, ки сабаби ба ў зеҳн монданашон ҳамин аст. Табассум кард, аммо чизе нагуфт.
— Ё касеро нағз дидаӣ, духтар, ё ягон сабаби дигар ҳаст, – молшиноси калонсоли ботаҷриба Карими одамсар ба гуфтори занон ҳамроҳ шуд.
— Шумо молшиноси ботаҷриба, бояд ин чизро донед.
— Ҳуъ! – аз даҳони Фотимаи биникалон баромад, ки бо биниаш ҳарф мезада бошад.
Вале ин чизҳо барои Истад муҳим набуд, бояд ҳама чизро аз забони раис мефаҳмид. Вай коғазҳоро аз ҷевони миз баровард ва рўи коғази бекора хатҳои каҷу килеб кашидан гирифт, аз тарафи рости коғаз хат мекашид, ки шикаста менавишта бошад. Худро андармон мекард, то фурсат гузарад ва ҳамраҳонаш ба кор овора шуданд ва будани ўро фаромўш карданд. Сонӣ ду-се бор ба дигар кабинет даромада баромад, назди Бибихол рафт, назди Ҳанифа рафт, то якбора назди раис даромаданаш боиси ҳарфи зиёд нашавад; ин чизро худи ў фикр мекард, аммо коргарон дар ин хусус андеша намекарданд, медонистанд, ки Истад як рўз раисро набинад, кораш омад намекунад, аммо намедонистанд, ки чандин рўз боз ў назди раис намедарояд.
— Мумкин, раис? – ба будани Рая дар назди раис эътибор надода пурсид Истад.
— Даро! – дағал ҷавоб дод раис, аммо Истад нашунида ангошт ва даромад. – Камнамо?
— Шумо серкор, халал нарасонам, гуфтам.
Рая ба Истад салом дод, аммо Истад чунон вонамуд кард, ки ўро намебинад. Раяи зебо, ки ҳатто тарзи нишасташ чанд зан буд, аз чунин рафтори Истад наранҷид, балки ба ў ҳайрон нигоҳ кард ва қасдан гуфт: – Имрўз хушрўй шудаӣ, Истад.
— Аз ту хушрўйтар шудан душвор, – пичинг буд, Рая андаке фаҳмид, вале ҳайрон буд, ки чаро ў ин қадар гирифта аст.
— Ман хушрўй нестам, Истад, лекин дар куҷо чӣ хел рафтор карданамро медонам, ин ҳусни инсон, – гуфт ва бархост. – Раис, бекор, ки шудед, даъват кунед!
— Шин, чӣ лозим ситезаҳои беҳуда?
Чашмони Истад пир-пир ҷониби раис париданд, то Раяро нигаҳ надорад, аммо раис рафтору ишораҳои ўро надида ангошт; чунки мижаю чашмакӣ заданҳои Истадро медонист, аммо эътибор надод.
— Не, раис, ман баъд меоям, – якравӣ кард Рая ва баромад.
Истад боз ба раис нигарист ва зуд-зуд мижа зад ва яке чашмонаш об гирифт. Раис хандид ва Истад худдорӣ карда натавониста, гирист ва ба курсӣ нишаста бо кафи дастонаш рўй пўшид.

пешина
аз 429
навбатӣ