Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

сари девори ҳамсоя рост шуда фарёд зад Истад ва ҷавонзани мавзунқомати зебо аз дари ошхона берун омад.
— Вақт дорӣ, очаи Зубайд?
— Ҳў-ў.
— Мўйи маро мебофтӣ.
— Барои отаи Зубайд чой дам кунам, мегузарам...
«Барои отаи Зубайд чой дам кунам... барои шў...» дар сари хеш такрор кард ў ва хаёлаш омад, ки низ шавҳар дорад, чунон шавҳари ноэҳтиром, ки дар ин музофот касе зайлашро ёд надорад.
Очаи Зубайд ба сари девор не, бо кўчаи калон давр зада омад ва мўйи шабона шустаи Истадро чилкокул бофт.
— Худат ягон ҷо мерӣ, очаи Сунбул? – даст ба мўи мушкину дарози ў пурсид очаи Зубайд, худаш лаби кат нишаст ва Истадро рўйи курсӣ пуштбарў нишонд, то мўяш ба замин нарасад.
— Не-е, як ҳавас кардам, вагарна мў доштанам ҳам маълум нею шў доштанам ҳам.
Очаи Зубайд хомўш монд, ки барои чӣ ин саволро дод, зеро намехост, ки дар ин боб ҳамроҳ шавад, аз боби заношўии онҳо гўё чизе намедонад, ҳамсояҳо гўянд ҳам, маломат кунанд ҳам, дилашон ба Калонхон сўхта, миёни хурду калон миш-миш кунанд ҳам, ин зан намехост, ки аз ин хусус даҳон кушояд. Хомўш монд. Хомўш монд, беҳуда ин чизро пурсид ва боз хомўш истод, ки шояд худи Истад аз хусуси шавҳарашу ҳамсояҳо ягон чиз пурсад. Агар пурсад, ҳамсоя як сухан тайёр кардааст: «акаи Калонхон одами хуб».
Не, ҳаминро ҳам намегўяд, зеро Истад мевағғад, ки пас ман бад ҳастам, ҳама айб ба гардани ман?!... Беҳ, ки онро низ нагўяд. Чизе нагуфта мўйи ўро бофт, майда бофт, чил тор бофт ва бо ҳамон роҳе, ки омада буд, ба хона рафт. Алам дар дил рафт, ки мардак ба он аҳволу занак мўйи хеш чилбофт мекунад, худро орову торо медиҳад... Истад хешро оро дод: ҳамин ки мўяш бофта шуду аз курсӣ бархост, кокулони дарози сиёҳаш ўро оғўш карданд, ки рашкангез буданд. Истад куртаи атласи шомусаҳар пўшид, тоқии заррин ба сар гузошт, аммо мўй гирди тоқӣ накард; на Сокина, балки Истад шуд. Аз ҳарвақта зеботар буд, туфлии ба ранги гули шафтолу, ки шинами куртаву тоқиаш буд, ширинтар карда буд ўро. Истад боз ба раҳи канори рўд рафт, ки ба рўяш, ба мўяш, ба тану либосаш гард нашинад. Шодон мерафт ва гумонаш буд, ки ҷумла мардуми раҳгузар менигарандаш, ронандагони роҳгузар садои мошинашонро баланд мекунанд, ки нигоҳ кунаду рўяшро бинанд; ба таманно мерафт, вале чун ба дари идора наздик шуд, дилаш ба тапидан даромад, ки то ошёнаи саввум чун барояд.
Назди дари даромадгоҳ нафас рост кард, пасон сахт-сахт по монда, зинаҳоро боло шуд. Салом гуфта аз дар даромад. Коргарони кабинети калон ба ў нигоҳ карданд. Ин чизро Истад пай бурд ва дилаш ба дигар ҷой рафт: «Аз кирдори мо огоҳ барин», зеро вақте ки шавҳари ўро муҳокима карда аз кор гирифтанд, ба ў чунин нигоҳ карда буданд...

пешина
аз 429
навбатӣ