Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Як марди хоколуди майзада ба ин зайл зани, ба қавли худаш, чаҳор кас медидагӣ ва ҳазор кас аз пасаш овезон ҷуфти боб нест. Вале Калонхон пештар беҳтарин ҷавонмарди хушқомату хушрў ба шумор мерафт ва занак ўро ба чунин ҳолу рўз афканд...
Сари субҳ вақти дарвозакушоӣ баромадани Истад Махсуми риш пайдо шуд ва ду коғази секунҷа қат гардондаро ба ў дод:
«Яке «нурнома», дигаре «раднома», пирамон гуфтанд, ки сахт эҳтиёт кунед» гуфт ва Истад ба кафи дасти ў чизеро гузошт, ки ба пирашон расонад. Мототсикли Махсум ҳамсояҳоро бедор кард, садояш ниҳоят баланд ва пуршаст буд... Истад ба тўморҳо аз латтаи сафед ҷилд дўхт, аз болояш чарми сунъӣ кашид ва ҳардуро ҷуфт карда, дар чоки синаҳояш ҷо дод. Нафаси тоза гирифт, ба гумонаш дилаш таскин ёфт..
Истад мунтазир буд, ки дўзанда куртаашро меорад ва ў пўшида, тоқии зардўзии арўсиро ба сар гузошта, мўи майдабофро гирди тоқӣ печонда ва нўгҳояшро миёни саллаву тоқӣ хаста, айнан ба шакли Сокина ба назди раис медарояд ва ҳама андешаи дар ин чанд рўз ҷамъшударо ба рўи ў мерезад... Тамоми шаб фикр мекард ин чизро, аммо ҳеҷ не, ки дўзанда биёяд... Шаби дароз ў сўхт, дар миёни оташи се тан: раису Сокинаву Рая сўхт ва субҳ ба рўй оби сард пошида, андаке ба худ омад; тўмори овардаи Махсуми риш тасаллояш дод, гумонаш ҳама кор хуб мешавад... «Беҳуда Махсумро ҷавоб додам, мегуфтам, куртаро рафта меовард». Ба база занг зад, ки Махсум зуд расида ояд ва лаҳзае чанд нагузашта садои мототсикли Махсуми риш беруни дарвоза хомўш шуд. «Назди Ҳанифа бирав, куртаи маро гирифта биёр!» фармон барин гуфт Истад ва Махсуми риш сари мошинашро гардонда тирвор рафт ва оби мондаи Истад наҷўшида баргашт: «Надўхта будааст...» «Надўхта будааст? Чаро надўхта будааст?» «Гуфт, ки ба хонааш меҳмон омадааст, ба худашон гўед, кӣ будани меҳмонро мефаҳманд». «Ҳа бар зоти меҳмонат лаънат!» Махсуми риш ҳайрон шуд, ки чаро дашномро ба ў мегўяд ва баъд худи ин зан кист, ки ман итоаткораш бошам? «Бар падари худат лаънат!» Ў наёрист, ки ин ҳарфро баланд гўяд, оҳиста гуфт, ки дар назди рўҳи падар қарздор намонад. Сари мошинашро боз гардонд ва ба коргарони база фармуд, ки ҳар касе гўшаро бардораду овози занак маро хонад, ҷавоб диҳед, ки нест ва пурсанд, ки дар куҷо?
гўед, ки назди раиси калон рафт...
Истад олуғда шуд, ба назар нақша барбод рафт. Имрўз худро Сокина сохта назди раис даромада наметавонад. Ў хеле фикр кард, сар шикаст ва ба хулосае омад, ки чаро ба Сокина монанд бошад, балки ҳамчун Истад бояд ном барорад. «Очаи Зубайд, ҳо очаи Зубайд!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо