Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дили Истад метапид, намедонист, ки чӣ кор кунад. Ба ў ҳамин лаҳза Калонхон лозим шуд, аммо натавонист, ки ўро ба ёрӣ даъват кунад, балки аз нав ба кабинети Мастура даромад ва ба база телефон кард, касе гўшаро набардошт, гаштаю баргашта рақам гирифта занг зад, аммо касе гўшаро набардошт. Ҳа, баъди зангҳои дурудароз касе гўшаро гирифт ва Истад ба ў дўғ зад: «Мурдед, ҳамат?» ва аз он тараф чӣ ҷавоб омад, ки Истад як дағалӣ карду сонӣ пурсид: «Махсум нест?.. Ку бугуш... Махсум! Зуд расида биё!» ва бо Мастура хайрухушро ҳам фаромўш карда баромад, то Махсуми ришро дар роҳ истиқбол кунад.
— Назди пирамон меравӣ, Махсум...
Ва боқӣ ҳама ҳарфро Махсум мефаҳмид, лекин матлабро бояд Истад гўяд: «Раисро аз Рая гардондан лозим.» Фаҳмо. Садои мототсикли Махсуми риш баланд шуд. Истад ба тангкўчаи соҳили дарё, ки шаҳрчаи 3-ро қисмат карда ҷорӣ мешуд, гузашт то касе аз дилу нияташ огоҳ набошад, ваҷоҳати ўро набинад, саволе надиҳад, ки фикру андешаи ўро ба дигар ҷо барад. Истад то ин вақт беғам буд, дар бораи зиндагӣ, хўрду хўрок, пўшок ва пасандози рўзгор андеша намекард, аммо раис ин чизро ба ў фаҳмонд, чашмашро кушод ва акнун дар нимароҳ монда, ўро сарсону саргардон кардан хоҳад, чунон рафтор кунад, ки Истад ба ў душманӣ дошта бошад, Истад бадӣ мехоста бошад, Истад каси дилобхўри ў намегашта бошад. Ҳамин тавр андеша мекунад, аммо надонад, ки аз дили раис чӣ мегузарад...
Ҳама умеди Истад ба пираш, баъди хабару тўмор ва ё ягон ҳарфи дигар овардани Махсуми риш Истад ба амалиёт мегузарад:
«Аз тахт нафарорам, номам Истад набошад», дар дил мегўяд ў, аммо намедонад, ки таги кор чист. Истад ба хона нарафт, балки ба хонаи апааш Сокина рафт, то ҳамроҳи ў назди фолбин равад, ки косаи оби вай чӣ нишон медиҳад, зеро то пагоҳ Махсуми риш хабар намеорад; эшон имшаб бояд хоб дида хезад ва пагоҳ барои Истад хату хабар кунад. Вале Истад ба хонаи апааш омаду пушаймон шуд: раис он ҷо буд. Ў гумон кард, ки Рая низ ҳамроҳи онҳост.
— Раис ҳамроҳ дорад, апа?
— Не... даро!
Истад надаромад. Назди фолбин ҳам нарафт, фоида надорад, модом ки ҳоло ҳам раис бо ў нағз муносибат мекарда бошад, ҳарфи ў ба апа хуш намеояд... Истад назди устои дўзанда, ки баъди аз номи раис ба базаҳо фармонравоӣ карданаш, устои шахсӣ гардонда буд, омад. «То пагоҳ аз помбахи сурх куртаи беостин, не, нимостин медўзӣ», гуфт ва ба хонааш рафт. «Ҳамин рўз ту ба ман лозим шудӣ, Калонхон... хостам, ки аз зери дастам гирифта маро то хона орӣ...» ҳамин тавр гуфтан мехост Истад, аммо забонаш намегашт, бад менамуд ба назараш ў, номувофиқ, номуносиб менамуд, барои ҳамин забонаш намегашт, ки ин ҳарфро гўяд ва агар мегуфт, ба назар хештанро паст мезад; оҷизу нотавон ва ҳақиру бечора меҳисобид.

пешина
аз 429
навбатӣ