Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале дар кушода нашуда, субҳ дамад. Калонхон талвоса кунад, ки ба кор дер намонад; баъзан риш нагирифта, ба ҳамон сару либосе, ки шабро рўз карда буд, ба кор равад ва мардум ба вай нигариста гўянд: «ақл бохтааст», сонӣ байнашон миш-миш шавад, ки мард ба хотири зан ва ё мансаб набояд худро бой диҳад.
Калонхон на барои он чунон рафтор мекунад, ки раҳми Истадро орад, балки мехоҳад фаҳмонад, ки зистан мехоҳад...
Истад гумон надошт, ки кор чунин ранг мегирад, хаёлаш, ки аризаи ўро мебинанду Калонхонро даъват карда, танбеҳ медиҳанд ва корҳо хуб шуда, мардак ба ў меҳрубонтар мегардад. Чун ҳалқа ки танг ояд, Калонхон пеши пойи ў афтида, ба таваллову зорӣ дарояд, ки рафта аризаро гирад ва гўяд, ки ман дар ҳаққи ў тўҳмат кардам, сари ғазаб навиштаму акнун пушаймон, агар рости гапро гўям, дар дунё ду марди ҳалол бошад, яктоаш Калонхон. Аммо чунин нашуд – Калонхон на танҳо аз Истад узр напурсид, ҳатто дар зарурат ҳам нагуфт, ки занаш тўҳмат мекунад. Билохира Истад ҳақ баромаду Калонхон муттаҳам шуд... Акнун яке намеёрад, ки аз дигаре узр пурсад, то муросо дуруст шавад, дар хонаашон тани гарм, нафаси гарм, дами гарм бошад. Истад гумон дошт, ки ин чиз ба ў лозим нест ва Калонхон пиндорад, ин чизҳо барои ў изофа мешавад, хубаш, ки ў хоксорона мирад, ҳатто чунон мирад, ки ба маргаш касе алам нагўяд, зеро мехоҳад ҳамон хеле, ки сари дилаш пур аст, аз ин олам равад, то гўр пур бошаду замин сер, гўё замин Калонхонро нигарон аст ва ҳамин ки ўро ҳам ба коми хунукаш фурў бурд, осуда мегардад... Истад дигар хел фикр мекард: «Ба муродам мерасам». Ў чунин сурат гирифтани корро бо шавҳараш қонунӣ медонист – хости табиат, вагарна ў ҳеҷ гоҳ кори дилхоҳашро карда наметавонист.
Истад як бори дигар ба назди раис даромадани Раяро дид:
баъди аз кор рафтани коргарон Рая сумкачаи сиёҳашро зери каш гирифта хушнудона дари кабинети раисро кушода даромад ва дергоҳ набаромад, сонӣ соатхои ҳашти бегоҳ пешу қафо баромада ба мошин нишастанд ва куҷо рафтанашонро Истад надонист. Истад рафтани онҳоро аз тиреза дид, аз тирезае, ки сардори шўъбаи кадрҳо дарро аз рўйи ў қуфл карда баромада рафта буд. Истад девона шуд, дарро думушта кўфт, ки кушоянд, аммо аз Мастура дарак набуд, балки ба даркўбии ў қаровули таги дар омада «кию чӣ?» пурсид ва баъди Истадро шинохтан ба суроғи Мастура рафт.
Мастура дар магазини паҳлўи идора будааст ва рафтани мошини раисро дида омад, то расида омадани ў Истад ин қадар беқарорӣ кард.
— Дидӣ-а? – аз Мастура пурсид Истад.
— Дидам, – ҷавоб дод Мастура, вале надонист, ки барои чӣ Истад ин чизро пурсид.

пешина
аз 429
навбатӣ