Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар пой латтамўзаи хокиранг, дар сар кулоҳи хасин ё капронӣ, оғушта ба хоку арақ меомад, ки Истад дидан намехост...
Не, аввалҳо дидан мехост, пешвоз мебаромад, махсус об мерехт, ки сару гарданро шўяд, тоза шавад, ором гирад, роҳат кунад, ки пагоҳ барвақт ба кор меравад, сонӣ «пуф, аз баданат бўи такка меояд» мегуфт ва баъдтар наздик шудан намемонд ва ҳоло нигоҳ намекунад. Барои ҳамин Калонхон ба қадри хеш месўзад. Месўзад, ки зиндагиро дигар хел гузаронидан мехост; чунон ки инсон орзу кунад – аз касе зиёд не, аз касе кам не, аммо хушрў, зебо, тоза, озода бошад; колхоз бояд чунин мешуд: касеро ранҷонидан лозим набуд, ба касе озодии мутлақ, ки ҳар кори дилхоҳ кунад, раво донистан носавоб мебуд,... касе аз касе набояд маломат кунад, сахт гўяд, таъна занад, таҳқир кунад... Кас набояд пастӣ кунад, одам набояд ба даҳони мардум афтад, набояд ангуштнамо бошад... Вале ба сари ў чизе омад, ки метарсид... Ҳамааш барбод рафт, колхоз як сў, ақаллан хонаашро обод карда натавонист, ҳол он ки раҳматии падараш дуои бад карданӣ бошад «хонаат обод, хонаат пури гандум, хонаат пури бачча» мегуфт. Калонхон сар хам дорад, гузаштаашро фикр кунад, кирдори зан пеши назар орад, орзуҳо низ; алам аз арақ ситонад, бурҷи дарвоза нишаста роҳ пояд, ҳамроҳи ҳамсояи ношуд, ки аз рўзи аввал ба ин дард мубтало шуда, сўҳбат кунанд ва мудом як ҳарфи ҳамсоя такрор шавад: «Дар олам касе нест, ки мисли ман нўшида тавонад, ин ҳам истеъдод... ҳар кас бояд истеъдоде дошта бошад, марди беистеъдод мард нест...» Баъд, ки Калонхон бо нигоҳ Истадро гусел карда аз дарвоза дарорад, дар дил шод шавад, вале сонитар гиряд: чун шаб фаро расид, ба хўроки росту дурўғи Истад нигоҳ накарда, ё дар кати рўи ҳавлӣ ё дар кати хонача кўрпа ба сар кашида гиряд; гиряд болиштро тар карда, аммо нахоҳад, ки оби чашмашро зан бинад. Болиштро такорў кунад, рўболо ба сақфи хонаи торик бардавом нигариста, ба хаёл равад, ки ё худашро кушад ё Истадро, вале ҳамин ки хобаш бурду саҳар шуд, бо дастони ларзон риш гирифтанӣ шуда чанд ҷои манаҳашро буррад ва бо ҷиготи гирифта ба кор равад, ки шаб билкул хоб нарафта буд. Дар ҳақиқат вақтҳои охир хобаш намебурд; шабҳое ки Истад намеомад, дар буни дарвоза ё рўи кати берун ва ё дар дивани даҳлез, ки Истад ба наздикӣ харида буд, шабро рўз мекард ва агар Истад дар хоначааш бошад, бо нигоҳи парма шифти хона сўрох мекард ва дар таҳти ҳазор хаёл хобаш намебурд. Мехост, ки хеста дари хонаи хоби Истадро кашида кушояд ва назди кати ў афтида, гиряро давом диҳад ё дар ҷойгаҳаш ханҷар зада, бистарро хунин кунад ва ё сари даст бардошта, берун бароварда, чунон ба замин занад, ки ба ҳафт қабат фурў равад ва духтарча пеши чашм орад, ки «оча, маро ҳам бубар!» гўён нола мекунад. «Хотири ин маъсума очаро куштан раво нест.»
— Истад, дарро кушо, гап дорам!

пешина
аз 429
навбатӣ