Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Истад гурехта назди падару модараш рафт ва духтарчаашро ҳамон ҷо монд, ки тарбия барояш гаронӣ кунад.
Калонхон дар заводи майкашӣ ба кор даромад, харчанд гуфтанд, ки дар колхоз монад, ягон вазифаи дигар медиҳанд, қабул накард: «Ман худро хор кардан намехоҳам» гуфт, вале хор шуд; алам аз арақ гирифтанӣ шуда худро хор кард. Ва акнун ҳар бегоҳ масту аласт аз кор меомад ва ҳамроҳи ҳамсояи майзада буни дарвоза нишаста сукут меварзиданд ва Калонхон мунтазир мешуд, ки Истад кай меояд. Истад аввалҳо намеомад, тарсида намеомад, сонӣ пайдо шуд: аввал рўзона меомад, баъд бегоҳиҳо. Ў дар коғазе чизеро ба шакли китоб печида, ба сари синааш пахш карда, меомад; гоҳ даст ба кисаи камзўлу палто чунон майдақадам меомад, ки замин миннатдор мегашта бошад; ба таманно меомад, аз чизе дилпур меомад; гоҳе шод меомад ва гоҳе гирифта, агар хурсанд бошад, абрўвони усмакашидааш то гўш мерасид ва агар хафа бошаду чизеро фикр кунад, абрўвонаш болои чашм морак мешуданд ва дар чунин сурат ў пурдаҳшаттарин зани олам мегашт...
Ва ҳамин хел Истад меомаду намеомад, вале аз Калонхон таҳдиде намедид, балки ўро ғариб дармеёфт, ба ў эътиборе надода, бепарво аз назди ду майзада гузашта, ба хона медаромад ва саломро ҳам раво намедонист. Калонхон ҳам чунон вонамуд мекард, ки омадани ўро надидааст: ё рўй як сў мегардонд ё ба ҳамроҳаш чизе гуфта овораи сўҳбат мешуд. Ба Истад таҳдид ҳам намекард, наздик ҳам намерафт, мекушам ҳам намегуфт... Ҳамин ки торик шуд, даромада дар кати хоначаи рў ба рў мехобид. Ҳамон вақтҳо Истад дари хоначаи бетирезаро аз дарун қуфл мекард ва то рўз аз камии ҳаво азоб мекашид ва субҳ надамида берун мебаромад, ки саҳархезиро пеша кард. Калонхон ба чизе аҳамияту эътибор намедод, барои чӣ ба ин рўз афтиданро – ин хел майзада шуданро танҳо худ медонист: дар ҳақиқат ў Истадро хуш карда гирифта буд ва одамвор зиндагӣ кардан мехост; дар колхоз коммунистона кор карданӣ буд; вуҷудашро колхозӣ медонист, то нисфи шаб савораю пиёда деҳа ба деҳа, дашт ба дашт, қитъа ба қитъа мегашт, то колхози пасмондаро пеш барад, арзи мардумро шабона мепурсид ва то корро тамом карда ба маркази район бармегашт, ки ними шаб мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо