Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зани озоди советиро задан, пеши роҳи ўро гирифтан дар кадом қонун ҳаст? Шўи ман одами қафомонда
– феодал, диндор, порахўр, ҳатто дузд... Боз вай... намедонам, ки чӣ хел ўро раис кардетон... Дилаш сиёҳ: ман барин зани озодро мегўяд, ки эзор пўшида гардам, очаш, ки се шў кардагӣ, метарсад, ки ман ҳам ҳамон хел нашавам, ба зани беэзор мардҳо нигоҳ мекунанд, мегўяд, лекин касе ба ман нигоҳ намекунад, бинед, чӣ хел ў тўҳматчӣ... Ба ҳама гапро гуфтан рўям намешавад, агар рў ба рў шавему пурсед, ҳамаашро даҳанакӣ мегўям; шумо гумон мекунед, ки вай аз паси ман кам давидааст? Саг ҳам ин хел намедавид. Рости гап, падару модарам ба вай намедоданд, аммо ман онҳоро маҷбур кардам, ки Калонхонро дўст медорам... Ана акнун оқибаташро бинед. Барои ҳамин аз шумо хоҳиш мекунам, ки маро қабул кунед, ҳамаашро гўям, сонӣ худатон хулоса бароред, ки ў чӣ хел одам аст. Ҷўрабозиҳояш, колхозро хўрданаш, пора овардани бригадирҳо ва дигар корҳояшро мегўям, ҳамашро мегўям, сонӣ худатон қоил мешавед, ки ўро раис мондан хато будааст, баъд мефаҳмед, ки ман чӣ қадар бо ин мард азоб кашидаам, устухонам сафед шуд, гўям бовар кунед... Котиби мўҳтарам, шумо бояд ба ҳама суханони ман бовар кунед, зеро дурўғ гуфтани зани озоди советӣ раво нест. Агар шумо арзамро напурсед, қасам мехўрам, ки ман ин корро ҳамту намемонам, ба болоҳо менависам, гўён Истад Ашўровна».

Вале зани кордидаву корозмуда Гулбарг Латифовна ба Истад маслиҳат дод, ки бо чунин ариза назди котиб надарояд ва умуман надарояд, боз хубтар аст, аммо ин ҳарф ба Истад хуш наомад, исрор кард, ки бояд дарояд. «Ин хел бошад, ҳамту даромада даҳанакӣ гўй, дар бораи колхозаш корат набошад, дар бораи муносибати худатон гап зан...» маслиҳат дод апахондаш.
Аммо Истад кори худро кард; бо мадади апа назди котиб даромаду кори худашро кард. Гоҳе ки котиб ба ў нигоҳ карда чизе мепурсид, вай ба котиб аҷиб менигарист; чашм дўхтаю чашм дуздида менигарист, гўё ба гап мекашид ва «шумо равед, ин чизро дида мебароем» гуфтани котиб аз сари Истад як сатил оби сард рехт. Ў гирист, бо оби дида раҳми котибро овардан хост, лекин котиб нисбати ў беэътиноӣ кард, ба хаёли Истад ў ҳурмати зани озодро баҷо оварда натавонист. «Озодии занро чӣ хел мефаҳмед?»
– аз рўи аризаи ў пурсид котиб. «Чӣ хеле ки дар газетаю китобҳо менависанд». Котиб хеста плашашро пўшид ва Истад маҷбур шуд, ки аз идораи ў барояд.
— Ман дигар бо ин хел одам зиндагӣ карда наметавонам...
— Кори шумо, лекин саросема нашавед...
... Баъди се рўз Калонхон занро аз аввала ҳам сахттар зад, ки ҳамаро шарманда кардӣ, задан бошад, ана ин хел мезананд... Вале Истад ин дафъа корро дигар хел кард: ба коргарони медэкспертиза ваъда дод, ки баъди дуруст шуданаш мўзаҳои мехпошнаю куртаҳои «Мадам Д» ёфта диҳад ва чун сиҳат шуда справкаро ба даст гирифт «Аризаи дуюм» гўён боз ба назди котиб рафт ва ба муродаш расид: раиси колхоз Калонхонро дар бюрои райком муҳокима карда, аз кор гирифтанд ва аз ҳамон рўз мардак ба арақу сигарет дил баст ва маст ки шуд, ғур-ғур мекард, ки Истадро барои чунин кораш накушад, намемонад.

пешина
аз 429
навбатӣ