Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди рафтани духтур Истад ба шавҳараш телефон карда гуфт, ки зуд биёяд, аҳволаш бад аст, мурданаш ҳам мумкин, вале чун шавҳар аз дар даромад, Истад дигар ҳарф пеш овард: «Ман аз ту ҷудо мешавам». Ҳанги Калонхон канд, аммо ҳолатро ба шўхй гардонд:
— Мархамат, лекин ба кӣ мерасӣ?
— Ба инаш корат набошад.
Калонхон худдорӣ карда натавониста, як торсакӣ ба баногўши Истад зад. Истад вағида, рўи ўро ханҷол кашиданӣ шуд, аммо дасташ нарасид.
«Ҳе дар даҳонат...» аз даҳони зан баромад ва шў тоқат карда натавониста, мўи дарози занро гирди даст печонд ва ба девор рост кард, дигар напурсид, ки ў чӣ гуфт. Тир аз камон ҷаста буд.
Ва баъд даст ёзида аз рўи кат чатри японии ба наздикӣ харидаи занро, ки мисли сўта печонида буд, гирифт ва ба дунбаи Истад зад. Истад фиғон бардошт, фарёди талхи шаттоҳӣ зад. Ҳамсояҳо сари девору паси тавораҳо пайдо шуданд. Истад дод мезаду майли гурез мекард, то берун баромада, дод зада ҳамаро ба по хезонад. Ҳамин вақт чанголи зан ба рўи шавҳар расид ва рухсораи ўро хуншор кард. Калонхон ўро як лағат заду сар дод. Истад аз дари даҳлез гўё парида рўи ҳавлӣ бархўрд ва ғелид; дод мезаду дашном медоду меғелид, ба ҳадде, ки дигар тоқати мард намонд; аввал баромадан нахост, вале дид, ки зан шаттоҳӣ мекунаду хап намешавад ва ҳамаро ба шармандагӣ мехонад, баромада боз зад ва чунон зад, ки кўдаки дар қадаш буда афгона шуд...
Баъди аз бемористон баромадан Истад хулосаи экспертизаи тиббиро гирифта ва ариза навишта ба идораи комитети партиявии район рафт ва аввал назди апахондаш – Гулбарг Латифовна даромад, ки маслиҳат кунад. Гулбарг шикояти ўро гўш кард ва боз аризаро хонд:
«Ба котиби якуми комитети партиявии худамон аз номи молшиноси ҷамъияти матлуботи районӣ Истад Ашўровна Ҷобирова.

Ариза
Ман, ки Истад Ашўровна ҳастам, зани раиси колхози «Ҳосилот» Калонхон Қаюмов мебошам, баъди маълум шудан, ки ман зани ў мебошам, ана ҳамин раис (боз аъзои партия) мани муштипари бегуноҳ ва зани советиро зад, ҳақорат дод. Ман аз шумо мепурсам, аз котиби партиявии райони худамон, ки мо барои чӣ хунрезӣ кардем? Барои чӣ чашмбанду фаранҷии занҳоро дар алов сўхтем?
Озодашон кардем? Аз шумо мепурсам, котиби мўҳтарам: магар мо ба ҳамин умед озод шудем?

пешина
аз 429
навбатӣ