Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамааш дар дилаш... афсўс мехўрад, ки давлати омадаро пушти по зад, беэътиноӣ кард, давлат шикаст ёфт; нав даҳонаш ба нон расида буд, нав кисааш пул дида буд, марди рўзгор шуда, ба Калонхон мефармуд, ки рўзгор гуфта аз барои як сабад ангур ё як линги гўсфанд худро паст назанад, фақат ба колхоз раваду ояд, ҳатто меҳмонаш бошад, ҳам ташвиш накашида ба тарабхонаи «Соҳил» фиристад, лекин пеш аз омадан занг зада фаҳмонад, ки кирои меҳмондорӣ шавад: мурод аз чунин таъкидҳо чизи дигар ҳам буд; онҳо донанд, ки Калонхон чӣ хел зан дорад. Акнун чӣ шуд? «Раис ман не, худат» гуфта буд Искандар Қувватович, лекин чанд рўз аст, ки эътибор ҳам намедиҳад.
«Не-е, ин хел намешавад...» Чунин ҳукм кард Истад ва Холбибиро хонда фармуд, ки таги гапро фаҳмад: барои чӣ раис ин қадар сариқтисодчӣ Раяро нозғунҷ карда, чаро зуд-зуд ба наздаш хонад.
Вале ҳарфи онҳо тамом нашуда Рая аз назди раис гирён баромад ва Истад тоқат накарда худаш ба вай наздик шуда «чӣ шуд? чӣ гап?» пурсид, аммо Рая аввал ҷавоб надод ва чун Истад аз ў ҷудо нашуда ба кабинеташ даромад «Ҳар чизро донистани шумо шарт нест» гуфт. Истад боз хито гашт ва аз ҳамин рўз дар дили ин ҷавонзан рашки сахт, кина ва ҳасад пайдо шуд, аввалин бор ў пай бурд, ки хуни одам чиз хел меҷўшад, ғалаён мекунад ва то чӣ дараҷа бардор медиҳад, пеши чашми кас тира мегардад, қадами гузошта ва кори кардаро намедонад. Онҳое ки ҳамхонаи Истад буданд, пай бурданд, ки чӣ хел истода-истода ранги ў дигар мешавад, лабонаш худ аз худ мепаранд, тез-тез мижа мезанад, дилаш фишор хўрда, рўяш пурчин мегардад ва баъди иродааш бар ҳамаи ин чизҳо ғолиб омадан, чӣ хел парида мехезад, ба чӣ суръат дарро кушода ва нопўшида меравад, вале аз паси ў намепоянд, ки куҷо меравад: «Нозғунҷи раис, ба ў сахт нигоҳ кардан, ҳар чизро пурсидан, дар наздаш ҳар чиз гуфтан мумкин нест». «Медонам, ки нозғунҷи раис, аммо намедонам, ки миёни онҳо чӣ гузаштааст...»
Ва Истад бо ҳамон шасте, ки дарро кушода, баромада буд, дари раисро ҳам кашид, вале пушаймон шуд: ў намедонист, ки Рая дар назди раис аст. Раис ўро биё нагуфт, Истад дарро оҳиста пўшид.
Чунон оҳиста, ки барои ҳама кораш аз раис узр мепурсида бошад ва баргашта ба кабинет надаромада рост ба хона омад. Раҳораҳ гумон мекард, ки раис аз пасаш одам фиристода ўро баргардонда мебарад, барои ҳамин оҳиста мегашт, аммо ба хона расиду касе ўро аз роҳаш барнагардонд. Ў мехост гиря кунад, аммо ғазаб боло мегирифт ва ў намедонист, ки чӣ кор кунад. Бўи ангури туршидаи заводи май ўро девонатар мекард. Духтур ҷеғ зад, духтур ҷеғ заду дар ҳамон хонаи хурдакаки тираи бетиреза чароғ гиронда, рўи кат дароз кашид ва баъди хеле вақт духтур омаду диду сўзандору кард, валидол дод ва фармуд, ии асабӣ нашавад, зеро ба кўдаки дар қадаш буда таъсир мекунад...

пешина
аз 429
навбатӣ