Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Калонхон, ки хислатҳои уро намедонист, мазмуни чунин рафторашро нафаҳмид, вале худи раис андеша мекард, ки аз ин зан халосӣ нест; аз Сокинаи сернози гўё барои ў фидоӣ, аммо барои чӣ раис ин чизро ба гардан намегарад, ҳатто ба касони сирдон рад мекунад, ки бо Сокина коре надошта бошад, ўро ҳамчун зан эҳтиром мекунад, ки яке аз нишонаҳои марди советӣ будан дар ҳамин аст.
— Хона меравем, ака! – тоқат карда натавонист Калонхон.
— Не, ман ба ҷое намеравам, ба мо ҳар ҷо рафтан мумкин не...
— Ҳар ҷо не, ба хонаи мо – ба хонаи бародаратон, хоҳаратон...
— Ту намедонӣ, ки котибҳо, сардорҳо, калонҳо ба ягон ҷо намераванд, мумкин не, онҳо бояд аз халқ дур бошанд, ба ягон ҷо рафтани онҳоро касе набинад... Ба тўй рафтан, ба азо рафтан манъ аст.
— Инро кӣ манъ кардааст, ака?
— Худи калонҳо.
— Ин хел қонун нест, баръакс калон бояд бо халқ бошад, о, мо подшоҳ нестем-ку?
— Подшоҳ нестем, лекин подшоҳӣ мекунем.
— Ман меравам, ака... хурдтарин каси колхоз тўй кунад, меравам, кўдак мурад ҳам, пир мурад ҳам, меравам...
— Хуб намекунӣ, як рўз гапаш мерасад. Мумкин не – мумкин не, мо гуфтагӣ, ки мудирони амбор ҳатто ба ҳар ҷо нараванд...
— Хайр, хезед, ака, ба хона равем, ман ба Истад гуфтам, ки раисро гирифта меорам.
Раис боз ба андеша рафт ва баъди хеле вақт чунин ҷавоб дод:
— Ягон вақти дигар, ман телефони калонро мунтазир, ягон ҷо мебурдагистанд.
— Хайр, ба калон салом гўед...
Баъди ин Истад чанд вақт ба назди раис надаромад, ҳол он ки вай одат карда буд; баъди рафтани ҳама назди ў медаромад, корҳои кардаашро арз мекард, боз фармоиши нав мегирифт ва худи раис ўро рўзе даҳ маротиба даъват мекард, вале имрўзҳо ҷеғ намезанад, баръакс ба назди ў занаки чатиши мўдпўш, ки гўё аз гашташ ҳам замину ҳам либос миннатдор мешавад, зуд-зуд медарояд ва Истад назди дигар молшиносон – дар хонае, ки чанд кас мешинанд, хомўш – дам ба дарун гирифта ва баъзан нохун хоида, мунтазир мешавад, ки кай раис ўро даъват мекунад. Вақти Рая хуш аст, боз қоматаш болову гашташ расо, монанди тойи маст кишна мекунад. Дар вуҷуди Истад як ҳисси нохуш пайдо шуд, Раяро бад дид, аммо ба касе гуфта натавонад, бо касе маслиҳат ҳам накунад.
Истад месўхт, дарун-дарун месўхт, асабӣ мешуд, кори кардаро намедонист; хўрокаш ё месўхт, ё шўр меомад ва Калонхон мепурсид, ки ба ў чӣ шуда бошад, аммо Истад гуфта наметавонист, ки айби ту – назди раис рафтиву чӣ гуфтиву чӣ кор кардӣ, ки кор расво шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо