Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Инро ба ҳурмати шумо гуфтааст, ки одами калонро шарм надоронад.
— Ин айб не, хидмат ҳам не, ман гуфтам-ку, мо бародарони қиёматӣ!
— Ҳамин ҳарфро ҳам ба Истад гуфтаед?
— Кадом...
— Ки мову ту акаву хоҳари қиёматӣ.
— Не, бачча, ҳушатро дар ҷояш дор, ман гуфтам, ки ману шавҳарат бародарони қиёматӣ.
— Тишшш!. – ангушт ба лаб гузошт Калонхон, – Раис, оҳиста, девор муш дорад, муш-гўш.
— Ку, занатро файрод бикун, кай ман ин гапро гуфтам!
— Барои фарёд кардани ў дер шуд... Розӣ бошед як кори дигар мекунем, раис... Ману шумо, ки дохунда шуда бошем, дастатонро ба ман диҳед, дасти маро гиред, ман дасти шуморо мемакам, шумо дасти маро, то даме, ки хуни якдигарро намакем, сар намедиҳем...
фақат он вақт дохунда – додархонда мешавем.
— Не! Не-не, ин мумкин не, ману ту – вай ку... Мо ба ин чизҳо набояд бовар дошта бошем, мо одамони замони худамон, пешқадам, дар сари ҳазор кас калон, ҳама ба мо нигоҳ мекунанд, як рўз дар газета нависанд, ки ду роҳбари райони 3. ба хурофот, дин, мусулмонӣ бовар доранд, хуни ҳамдигарро хўрда дохунда шудаанд... ҳардуямон ҳам-ҳууушт!
— Не, раис, барои додару бародар шудан касеро азоб намедиҳанд, аммо барои нофаҳмиву кўтоҳандешӣ азоб доданашон мумкин...
— Мебарояд, ки мо – кўтоҳандеш, беақл?
— Ё тоба, раис, ин хел нафаҳмед... Ман умуман мегўям. Агар салла биёр гўянду мо сар барем, азимтар аз ин гуноҳе нахоҳад буд.
— Селхозро тамом кардам, мегўӣ, аммо гапзаниат, забон адабиётро тамом кардагӣ барин.
— Ман ҷўраҳои нағз дорам, ки филологияро тамом кардаанд...
Гап дар сари он не, хезед ба хона меравем, Истад тайёрӣ дидааст, «акамро гирифта биё» гуфт.
— Чӣ хел «акамро?» «Раисро» гуфтагист?
— Не, ба ҳурмати Худо, «акамро» гуфт... Вай аз ман сирри пинҳонӣ надорад, ҳама гапашро мегўяд, ҳатто гуфт, ки барои чӣ шумо ба вай ин қадар мадад мекунед...
— Барои чӣ?
— Барои Сокина.
Дами раис ба дарун зад, гўё барои фикр кардан ба ў вақти зиёд дода бошанд, ба андеша рафт, хеле хомўш истод, хеле дурудароз ва баъд ба рўйи миз ангушт зад; аввал якто, сонӣ дуто, яъне бо ду ангушти дасти рост ва баъд бо панҷ ангушт бар миз рез кард.

пешина
аз 429
навбатӣ