Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ассалому алайкум, раис, ман – Калонхон.
— Калонхон?
— Ҳа, Калонхон, шавҳари Истад.
— Эъ! – парида аз курсӣ хест раис ва даст ба вохўрӣ дароз кард:
— Бубахшед, бубахшед... Дар ин замон якеро аз рўйи зан шиносанд, дигареро аз рўйи модар шиносанд, саввумро аз рўйи духтар шиносанд...
— Дуруст, раис, дар ин замон мардонро аз рўйи зан шиносанд...
Истад ба ман гуфт, ки маро дидан хостаед.
— Ман? Шуморо? Барои чӣ?
— Надонам.
— Ягон чиз лозим аст?
— Не, ҳеҷ чиз лозим не, ягон чиз лозим бошад, худи Истад ёфта меорад.
— Дуруст, ман ба Истад бовар кардаам, ҳама чиз дар ихтиёраш, вай молшинос аст, чанд рўз шуд ба ин вазифа… оянда боз...
— Ташаккур...
— Ана дидед, шумо ҳамин гапро мегўед, лекин ақли ў намерасад, ки раҳмат гўяд.
— Ҳазор раҳмат...
— Шумо одами баақл-дия, мефаҳмед... Междупрочем ба ман маъқул шудӣ бачча, аз ҳамин рўз ман туро бародари қиёматӣ мехонам...
— Ин чӣ хел мешавад, раис? – ба атрофи хона нигариста қиёфаи ҷиддӣ гирифта пурсид Калонхон.
— Чӣ хел? Намефаҳмӣ, ки бародари қиёматӣ чӣ гуфтани гап?
— Не, мефаҳмам, лекин қиёматиаш чӣ лозим? Ҳамту бародар гўему монем, мову шумо... ку?
— Ақлат расо, бачча, ман ба ин чизҳо аҳамият намедиҳам, дилам соф ва баъзан барои дилсофиам шатта мехўрам...
— Ман ҳамин чизро андеша карда, аз рўи эҳтиёт «қиёматиаш»
лозим не, гуфтам.
— Мард будаӣ, бачча... Ҳама чизро мефаҳмӣ, хондагӣ-дия.
Дар куҷо хондаӣ?
— Селхоз.
— Зўр, лекин чаро ба хондани занат зид?
— Зид? Кӣ гуфт? Мо одамони инзамона-ку.
— Ҳамин хел, лекин дар ҷамъияти мо баъзе одамон ҳастанд, ки онзамона... Феодал.
— Дуруст, раис... Истад ҳама ғамхориҳои шуморо гуфт ва сабаби ба шумо ин хел гап заданаш ҳам ҷон дорад, гўё ман зид?
— Ҳо.

пешина
аз 429
навбатӣ