Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Уҳ, тухмҳо шикастанд...
Сокина рўймолчаро бардошт ва чизе нагуфта ҷониби дари даромад рафт.
— Гўй, ки аз тиреза нигоҳ кунад, ман бинам!
Ва гирист.
Дошта натавонист гиряашро... Сунбул ҳам гирист, Истад ҳам гирист ва пиразан ҷониби набера даст дароз кард, ки наздаш ояд. Сунбул магар аз модар ибо дошт, ки пеш нарафт ва ҳамин ки Истад ўро андаке ба нўги даст тела дода ишораи назди момо рафтан кард, набера зону зад ва момо сари ўро ба оғўш кашида бўиду бўсид ва то омадани Сокина худро тасаллӣ дод.
— Нигоҳ намекунад?
— Тиреза аз он тараф, оча.
— Майлаш, меравам, таги тирезааш меравам, хоки пояшро ба мижгонам мерўбам.
Истад тоқат карда натавонист, бархоста пушти мошин гузашт...
Пиразан остини васеъ андаке авлонҷ дода ашки набераро пок кард, пай бурд, ки ў майли хестан дорад, озод кард. Духтарак хест ва аз дасти момо кашид, то хезад.
— Не, баччам, ман намеравам, ҳоло аз деҳа кўрпаю болишт меоранд, ҳамин ҷо хоб мекунам.
— Оча, Калонхон гуфт, ки очаро гирифта хона равед, пагоҳ аз духтурон иҷозат мепурсам, ки дароянд.
Модар ба ин ҳарфи Сокина бовар кард, вале ба андеша рафт, ки равад ё на...
Нарафт, кушу куртаамро гир, лекин намеравам...
Пиразани кўҳистонӣ ҷуз хонаи писар дар маркази район ҷойи дигареро намедонад, ки ақаллан барои шабро рўз кардан биравад.
«Ягон кас мепурсидагист, ягон духтур медидагист... Як рўз гузарад, як ҳафта гузарад, наход одаме пайдо нашавад, ки пурсад?»
Пиразан дар чунин андеша буд, ки як марди болобаланди хилъати сафедпўш чанд танеро ҳамроҳ гирифта аз беморхона баромад ва хилъат кашида ба мошини «Волга»-и оҷранги дар соя гузошта нишасту дигаронро пиёда гузошта бирафт. Пиразан гумон кард, ки калони калонашон бояд ҳамин кас бошад ва баумед буд, ки фардо гоҳи омаданаш ўро дошта, арз мекунад. Ҳоло бояд осуда бошад. Шаб ин ҷо монад ҳам, боке не, дар ин синну сол ў ба кӣ лозим аст? Дар бинои умраш бисёр хориҳо дидааст, бисёр хориҳо кашидааст, дар нисбати он хориҳо рўйи замини сахт нишастанаш роҳат аст, аммо хеле ҳузновар, аламангез, ҳатто наздик ба фоҷиа; аз рўйи андешаҳои ў фоҷиа бувад: доғи фарзанд дидани падару модар бузургтарин, сахттарин фоҷиа бошад; пеши чашми модар фавтидани фарзанд рўзи сиёҳ аст... Ҳоло ў ҳамчун модар дар ин бора андеша дорад, андеша дорад, ки рафту қазо расида бошад, ў чӣ гўён мегиряд, нола мекунад?

пешина
аз 429
навбатӣ